Хуросон аст ин ҷо

Фазои фарҳангии миллӣ дар кишвар бояд мукаммал бошад, то шахсияти фарҳангии миллӣ шакл биёбад. Тиҳигоҳи маънавӣ, ки дар Тоҷикистон бо пошхўрди импиротурии шўравӣ ба вуҷуд омад, бояд бо ҷойгузйнии фарҳанг миллӣ, ки бо маънавиятзидоӣ ва миллиятситезии садаи бист суст шуда буд, бояд ҳар чӣ зудгар устувор гардад. Аҳли ҷомиа бояд ба гирди масъалаи забони модарӣ ва фарҳанги миллӣ ҷамъ оварда шаванд, чунин шароите эҷод шавад, ки забони миллӣ саросари ҷомиа ҳукмрон бошад ва рисолати фарҳангиву вазифаҳои иҷтимоъии худро мукаммалан битавонад иҷро намояд. Ба вуҷуд овардани фазои фарҳангии пурарзиш ва таъмини хукмронии куллии забони миллӣ вазифаи якумдараҷаи давлати навбунёди тоҷикон аст, то заминаи зарур барои ташаккули шахсияти фарҳангии миллӣ, ки шахсияти ҷаҳоншумул хоҳад буд, омода гардад.
Мо бар ин боварем, ки дар ислоҳи низоми таҳсилот мустаҳкам кардани бунёди маънавии зиндагии инсон, аз ҷумла ташаккули шахсияти фарҳангии миллӣ, пешгирии ташаккули шахсияти бегонафарҳанг мақсади асосист. Омўзишу парваришро аз кўдакистон то охири давраи донишгоҳӣ ба ин мақсад тобеъ кардан лозим меояд. Ин омўзишу парвариш аз оғоз то анҷом бояд асосан ба забони модарӣ дар муҳити фарҳангии миллӣ сурат бигирад.
Инсонгароӣ дар таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олӣ аз муҳимтарин шартҳои тарбияи шахсияти фарҳангии миллӣ ва пешгирии ташаккули шахсияти бегонафарҳанг аст. Ин гап чунин маъно надорад, ки дар омўзиши миёна ва олӣ ҷойгоҳи илмҳои дақиқ ва табиъӣ, илмҳои тахассусии донишгоҳҳоро кам кардан лозим аст. На, ҳама илмҳои лозим дар таҳсилот бояд ба дараҷаи кофӣ ҷой дошта бошанд. Илова бар ин, дар ҳар таълимгоҳ фазои фарҳангии хоси худи онро ба вуҷуд овардан зарур аст, ки моломол аз маънавият ва рўҳияи миллӣ бошад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо