Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Агар бақои умри миллатро хоҳонем, зарур аст, ки таҳсилот аз оғоз то анҷом бо маънавият ва фарҳанги миллӣ фаро гирифта шуда бошад. Барои ин ки чунин мақсад ба даст биёяд, лозим аст, ки дар таҳсили миёна ва олӣ, аз ҷумла дар донишгоҳҳои тахассусие, аз қабили донишгоҳи иқтисод, молия, ҳуқуқ, фанну фанноварӣ ва монанди инҳо илмҳои инсонӣ мавқеъи басазо дошта бошад, дарсҳое чун дарси забону адабиёт, таърихи умумӣ, фалсафа ва ирфон, асосҳои ислом, таърихи динҳои ҷаҳонӣ, зебошиносӣ ва ғайра барои донишҷўёни ҳама риштаҳо ҳатмӣ бошанд. Ин ҳам муҳим аст, ки дар дарсҳои таърих на таърихи зоҳирӣ ва воқиотӣ ва бозшумурди рўйдодҳо, балки фалсафаи ҳастии таърихии миллат ва халқҳои ҷаҳон мавриди омўзиш бояд қарор биёбад. Зоҳирписандӣ гоҳ танҳо ба хотири моҳиятҷўӣ ҷоиз аст.
Ба назар мерасад, ки дар охирин синфҳои мактаби миёна ва дар донишгоҳҳо дарси таърихи фарҳанги маънавӣ ҷорӣ кардан лозим аст. Дар ин дарс бояд муҳимтарин омўзаҳои гузаштагон, чунончи омўзаҳои ихвонуссафо, Форобӣ, Ибни Сино, Берунӣ, Хайём, Носири Хусрав, Сўҳравардӣ, Насириддини Тўсӣ, Баҳоуддини Нақшбанд, Абдулқодири Ҷелонӣ, Хоҷа Аҳрор, Аҳмади Дониш, Ҷамолиддини Афғонӣ, Маҳмуди Тарзӣ, Беҳбудӣ, Иқбол ва монанди инҳо баррасӣ шавад. Дар ин омўзаҳо ақлу заковати миллат гирд омадааст ва ба таҳаввули таърихии миллат акс андохтааст. Таърихи фарҳанги маънавӣ хирадномаи миллат аст ва онро ба дастраси миллат, ба хидмати миллат бояд гузошт. Ҳеҷ мумкин нест, ки наслҳои наврас илму фанни замонро аз худ бикунанд, вале аз ҳирадномаи миллат бехабар бимонанд. Ба ин дарс фишурдаи таърихи маънавияти Чин ва Ҳинд ва Аврупоро илова кардан матлуб аст. Дарси таърихи фарҳанги маънавӣ ба ҷои асосҳои марксизм-ленинизм дар ҳама факултетҳо ҳатмӣ бояд бошад.

пешина
аз 351
навбатӣ