Хуросон аст ин ҷо

Ба фарҳанги мардумони Шарқу Ғарб даст ёфтани мардуми мо, албатта, ба тарзҳои гуногун ҷараён мегирад. Яке аз оғозгоҳҳои он бояд дарси таърихи фарҳанги маънавӣ бошад. Талабаҳо ва донишҷўён аз дарси таърихи фарҳанги маънавӣ ворид шудан ба ҷаҳони маънавии миллати худ ва миллатҳои дигарро ёд мегиранд.
Мо таърихи фарҳанги маънавиро хирадномаи миллат номидем. Ин дарс на танҳо барои сабақ омўхтан аз хирадномаи таърихи худ, балки барои дохил шудан ба боргоҳи ақлу заковати дигар халқҳо низ роҳ мекушояд, илмҷўёнро барои расидан ба илми Шарқу Ғарб тайёр мекунад, то ки онҳо баъд битавонанд мустақилона ба кадом самт, ки хоҳанд, бозҷустҳои илмиву фарҳангӣ пеш бигиранд. Дарси таърихи маънавият калиди дарҳои боргоҳи илму фарҳанги Ғарбро низ бояд ба дасти ҷавонони мо бидиҳад. Дарси адабиёти ҷаҳон дар мактаби миёна ва факултаи суханшиносии мактаби олӣ низ чунин вазифае иҷро мекунад, лекин таърихи маънавият чашмандози донишҷўёнро боз бештар густариш дода, адабиёту санъат, илм, фалсафа ва ғайраро фаро мегирад.
Як кори дигар, ки дар ин роҳ бояд анҷом бидиҳем, он аст, ки муҳимтарин асарҳои илму фалсафаи Ғарбро ва оид ба онро бояд ба тоҷикӣ тарҷума бикунем. Ба вежа он чӣ дар илму фалсафаи кишварҳои Аврупо дар садаи бист ба вуҷуд омад ва имрўз ба вуҷуд омада истодааст, бояд тарҷума шавад, талабгорон ин асарҳоро на ба воситаи забони дигаре (чунончи ба воситаи тарҷумаи русӣ), балки асосан бевосита ба забони модарии худ бихонанд. Албатта, бо ин асарҳо ба воситаи забони севум (масалан, русӣ) низ шинос шудан бад нест, ба вежа ба забони асл, яъне инглисӣ, фаронсавӣ ва ғайра хондани он асарҳо боз беҳтар аст, вале нахуст ба забони модарӣ аз худ кардани онҳо натиҷаи мусбат бештар медиҳад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо