Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар даҳаи сӣ, инчунин дар нимаи дувуми садаи бист осори адабиёти бадеъии русӣ ба забони тоҷикӣ бисёр тарҷума шуд, ин тарҷумаҳо (ки бештаринашон хушсифат буданд) дар пеши чашми хонандагони тоҷик як чаҳони нав кушоданд ва чашмандози фарҳангии онҳоро хеле васеъ карданд. Аммо дар ин муддат аз адабиёти Ғарб кам чизе тарҷума шудааст, бояд ин камбудии ҳаёти фарҳангии Тоҷикистонро ислоҳ бикунем ва ҳам адабиёти бадеъӣ, ҳам осори илмии ғарбиёнро ҳар чӣ бештар ба дастраси ҷавонони тоҷик бигузорем.
Имрўз дар миёни ҷавонони тоҷик китобхонӣ кам шудааст, вале умед аст, ки дар ояндаи наздик боз меҳри китоб ба дили мардуми мо ҷо хоҳад гирифт. Он гоҳ мо бояд хоҳиши рўзафзуни онҳоеро, ки китобхонӣ оғоз кардаанд, битавонем ҷавоби шоиста бигўем. Мавҷи нави китобхонии мардуми мо бояд бо хондани тарҷумаи тоҷикии осори лозим ва мавриди эҳтиёҷ шурўъ шавад. Дар қарни бист осори млмӣ аз русӣ ба тоҷикӣ кам тарҷума шуд ва мардум осори лозимро ба забони русӣ мехонданд, ки ин аз бисёр ҷиҳатҳо номатлуб буд.
Зеро натиҷа ин шуд, ки забони тоҷикӣ аз доираи мутолиоти илмӣ қариб ба тамом берун монд ва ин ҳолат боиси коҳиши тавоноии забони тоҷикӣ гардид. Илми ҷаҳон нахуст бояд ба забони модарӣ аз худ шавад, то ки чун чизе худӣ ва наздик ба дил (на ин ки чун дастовези дигарон) пазируфта шавад. Ин ҳолати рўҳиву равонӣ дар илмомўзӣ бисёр муҳим аст. Дар ин сурат даст ёфтан ба душвориҳо ва нозукиҳои илм осонтар хоҳад шуд, дар ин сурат инчунин илм, инкишофи он, ба кишвари мо роҳ ёфтани он боиси тавоноӣ афзудани забони миллӣ хоҳад гардид.
Умеди мо аз ҷаҳонгароӣ афзудани дороиҳои фарҳанги худ аст.
Мо дар омўхтани фарҳанги дигарон мекўшем, то ки дороиҳои фарҳанги худро афзун бикунем. Илми ҷаҳониён савияи фарҳангии моро ба сатҳи ҷаҳонӣ мебардорад, моро ба ақли ҷаҳон мепайвандад. Як шарофати ин раванди бузурги таърихӣ он хоҳад буд, ки рушду камоли илми ҷаҳонӣ тавоноии забони моро поя ба поя афзоиш медиҳад, имконоти онро зиёд ва ба замони нав созгор мекунад.

пешина
аз 351
навбатӣ