Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Банда пас аз расидани Тоҷикистон ба истиқлоли сиёсӣ бар он байти Аҷзӣ ин бияфзудам:

Вале фарҳанги милливу асолат
Фаро орад бақои умри миллат.

Оре, имрўз он чӣ Урупову Амрико медонад, бояд бидонем.
Аммо фаромўш накунем, ки бо истиқлоли фарҳангӣ ба сарманзини мақсуд мерасем. Дар замони Аҷзӣ сабақ омўхтан аз Ғарб аҳамияти вежа пайдо карда буд. Имрўз аҳамияти ин кор кам нашудааст, лекин устувор кардани пояҳои фарҳанги миллӣ бештар аҳамият дорад. Моддигароии ғарбӣ танҳо дар сурате, ки бо маънавиятгароии шарқӣ як шудааст, аҳамият хоҳад дошт. Агар танҳо аз паси моддиятҷўӣ биравем, маънан маҳв хоҳем шуд.
Ҳамгароии омилҳои маънавӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ муҳимтарин шарти рушду камоли миллист.
Бешак, Тоҷикистон наметавонад, ки ба баъзе равандҳои ҷаҳонии иҷтимоъиву сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, иттилоотӣ ва монанди инҳо ширкат накунад. Зиёда аз ин зарур аст, ки Тоҷикистон дар ин равандҳо ширкат дошта бошад. Имрўз аз ҷаҳонгароӣ гузир нест. Хоҳем, нахоҳем, лозим меояд, ки ҷаҳонгароӣ ихтиёр бикунем.
Алҳақ, чунонки дар урфият мегўянд, аз беруни бало будан даруни бало будан беҳтар аст. Набояд фаромўш кард, ки кишварҳое чун Тоҷикистон бо ҷаҳонгароӣ на танҳо ба пешрафти ҷаҳон мепайванданд ва бо аҳли ҷаҳон ҳамқадам мешаванд, ки зиёда зарур аст, балки ба балоҳои азим рў ба рў хоҳанд омад. Бояд ба дафъи бало омода шавем, омилҳои балогардон ба кор бигирем.

пешина
аз 351
навбатӣ