Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бесабаб нест, ки Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон - Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми тоҷикро чандин бор ҳушдор доданд ва аз хавфҳое, ки бо ҷаҳонгароӣ пеш меояд, огоҳ карданд.
Омода кардани миллат ва кишвар барои пешгирии пайовардҳои номатлуби ҷаҳонгароӣ, барои истифодаи пурсамараи неъматҳои ҳамгароӣ бо ҷаҳониён аз муҳимтарин вазифаҳои давлат аст, Ҳоло дар Тоҷикистон пажўҳишгароне ҳастанд, ки моҳияти ҷаҳонгароиву ҷаҳонисозиро ҳамаҷониба санҷида, пайомадҳои имрўзӣ ва минбаъдаи онро аз бинишгоҳи миллӣ, бо назардошти манфиатҳои миллии мо арзёбӣ мекунанд. Умед аст, ки аз пажўҳишҳои илмии амиқрави онҳо барои Тоҷикистон натиҷаҳои амалии муҳим ҳосил хоҳад шуд.
Чунин ба назар мерасад, ки шинохти моҳияти ҷаҳонгароӣ ва ҷаҳонисозӣ ҳанўз дар марҳалаи оғозин аст. Маънои он аз бисёр ҷиҳатҳо ҳанўз дақиқан ва мушаххасан муайян нашудааст. Гоҳ чунин менамояд, ки глобализм ва глобализейшн дар ҳама мавридҳо, дар ҳама минтақаҳои ҷаҳон як маъно надорад, балки гоҳ маъно дигар мекунад, Ҷаҳонгароӣ гоҳ дар Ғарб ва Шарқ хаммаъно нест, дар маъно фарқҳо дорад. Ҳар чӣ бештар ошкор мегардад, ки пайомадҳои ҷаҳонгароӣ дар кишварҳои Ғарб дигар хоҳад буд, дар Шарқ дигар. Ба ҳар ҳол, равандҳои ҷаҳонгароӣ ва натиҷаи онҳо дар ҳама ҷо якнасақ нахоҳад буд. Ҷаҳонгароӣ зодаи тамаддуни Ғарб аст ва ҳеч мумкин нест, ки дар кишварҳое, ки ба тамаддунҳои дигар тааллуқ доранд, айнан монанди он, ки дар Ғарб дида мешавад, ҷараён бигирад ва ё натиҷа бидиҳад. Ҷаҳонгароӣ иборат аз равандҳои дутарафа ва чандтарафаи баробарарзиш, иборат аз таъсирпазирии мутақобилаи ҳамсанг нест, балки ҷараёне аз як сў ба сўйи дигар, ҳатто пайвастани дарёву дарёчаҳо ба як баҳри бузург, нопадид шудани он дарёҳо дар ин баҳр аст. Дар пеши бисёр кишварҳо ҷаҳонгароӣ ғарбгароист ва эҳтимоли ғарбзадагиву амрикозадагӣ ҳамеша дар миён аст.

пешина
аз 351
навбатӣ