Хуросон аст ин ҷо

Таърих дар Шарқу Ғарб чандин бор гувоҳи ин даҳшат будааст.
Халқи тоҷик дар таърихи дуру дарози худ чанд бор ба чунин ҳамла дучор омадааст. Бемаънавиятӣ балоест, ки қувваҳои ҷисмонӣ, неруҳои ғайриинсонӣ, ваҳшониятро ба ҷунбиш меорад, инсонро ба тундию тезӣ, ба ҷангу ҷўш ва харобкорӣ водор месозад. Маънавият қувваи бунёдкор аст, неруҳои инсонии одамизодро ба бунёдкорӣ сафарбар намуда, шахсро ба пояҳои баланди инсонӣ мерасонад, бо ин амал мардумро ба ҳам муттаҳид месозад, халқҳоро ба ҳам наздик меорад. Ин аст, ки маънавият нишонаи асосии одамият, умдатарин омили инсонсоз аст. Аз ин рў таърих ҳам моҳиятан раванди муттасили маънавию фарҳангист.
Модом ки мақсад аз зиндагӣ пеш аз ҳама на мавҷудияти ҷисмонӣ, балки зисти одамвор, расидан ба мартабаи инсоният аст, пас таърих роҳи мардумон ба суи одамият, роҳи халқҳо ба сўи арзишҳои башарӣ, ба сўи маънавияту фарҳанг аст, раванди гирдоварии дастовардҳои маънавист, ки симои инсонии мардумон ва халқҳоро муайян ва бақои умри инсонии онҳоро таъмин менамояд. Он чи мардумон ва халқҳо аз ҳар даври таърих ба наслҳои баъдӣ боқӣ мегузоранд, ҳамин андўхтаҳои рўҳи инсон ва ақлу заковати ўст.
Бино бар ин барои муайян кардани моҳияти ҳастии шахс ва миллат бештар аз ҳама фарҳангу маънавият ва чигунагии он ба назар гирифта мешавад. Ҳангоми арзёбии нақши таърихии шахс ва миллат низ меъёр аввало аз ҳамин ҷо ба даст меояд. Аз ҳамин сабаб умумияти фарҳанг, иштироку ҳамбуди фарҳангӣ яке аз нишонаҳои халқу миллат аст. Ба ин маънӣ ҷанбаи маънавию фарҳангӣ дар дараҷаи аввали аҳамият қарор дорад. Аммо дар
таъмини бақои умри миллат гоҳ забон дорои аҳамияти дараҷаи якум аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё