Хуросон аст ин ҷо

Дар ин маврид то чи андоза аҳамияти калон доштани забон аз ин маълум мешавад, ки халқе дар натиҷаи як фоҷиаи бузурги таърихӣ муваққатан ё абадан, қисман ё тамоман аз тамаддуни олии худ маҳрум гардад ҳам, шояд ҷисман боқӣ хоҳад монд, бо каму кости бисёре бошад ҳам, ҳастии фарҳангии худро давом хоҳад дод, ба унвони воҳиди этникие вуҷуд хоҳад дошт, аммо агар аз забони миллӣ маҳрум шавад, шояд мансубияти миллии ў тағйир хоҳад ёфт.
Дар ин бобат таърих мисоли бисёр дорад. Дур наравем, ба таърихи халқи тоҷик ва Осиёи Миёна рў оварем. Мардуми Хоразм то қарни 13 ба забони хоразмӣ ва форсӣ гап мезаданд ва эронӣ ба шумор мерафтанд. Вале чун забони туркӣ бипазируфтанд, турк шуданд ва ҳоло онҳоро ҳаққан ўзбек медонем. Мардуми бисёр ноҳияҳои Фарғона низ чун ба забони туркӣ гузаштанд, тоҷикияти худро аз даст доданд. Солҳое ки камина ҷавон будам, академик А. А. Семёнов ба ҳар муносибат гаштаву баргашта таъкид мекард, ки 150 сол пеш аз ин мардуми Тошканд ба форсӣ сухан мекарданд, баъд ба ўзбекӣ гузаштанд. Ин ҳақиқат дар садаи 19 ба бисёр касон маълум буд ва яке аз русҳое, ки бо лашкари истилогари Русия омада буд, навиштааст, ки «тошкандиён аксаран ҳамон тоҷиконанд, ки ... бо ўзбекон омехтаанд»1. Ин гап чунин маънӣ дорад, ки тошкандиён то он гоҳ ки забонашон форсӣ буд, тоҷик буданд, аммо имрўз шубҳае нест, ки ўзбеканд. Ва ҳол он ки унсурҳои асосии маданияти маънавии онҳо бо ҳамон устувории анъанавии пештара боқӣ мондааст ва аксаран бо минтақаҳои тоҷикнишини воҳаҳои Осиёи Миёна
1 А.П. Хорошихин. Сборник статей, касающихся Туркестанского края (Маҷмўаи мақолаҳое, ки ба кишвари Туркистон оиданд). - Спб., стр. 226, иқтибоси мо аз китоби Р. Масов Таджики: история с грифом совершенно секретно» (Тоҷикон бо рамзи комилан сиррӣ). - Душанбе, 1995, саҳ 142.
умумият дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё