Хуросон аст ин ҷо

ПОЁНИ СУХАН
Мағзи консипсиюни эҳёи миллии тоҷикон бояд бар по кардани ҷомиаи маънавибунёде бошад, ки баробар фаъолият кардани омилҳои маънавӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ шарти ҳатмист, вале маънавият бартарӣ дошта, иқтисоду сиёсат барои густаришу амиқрафти он замина ҳозир месозад. Чун асли моҳияти инсон дар маънавият падид меояд, ҳама ҳадафҳои миллӣ бояд мутобиқи ҳамин моҳияти аслии инсон интихоб шавад. Ҷомеа бояд чунон рўҳия ва пиндорҳо дошта бошад, ки шахс худро фарзанди маймун нашуморад (агарчи дар ҳақиқат аз баъзе ҷиҳатҳо, чунонки Бедил гуфтааст, «одамӣ ҳам пеш аз он, к-одам шавад, бўзина буд»), балки худро аз ҷумлаи таҷаллиёти Худованд бидонад, дар рўи худ нури Илоҳӣ бубинад, дар зиндагӣ бо сари баланд қадам бизанад, барои рушду такомули маънавии худ заминаи моддиву иқтисодӣ ба вуҷуд биёварад. Вазифаи давлат барои чунин фаъолияти шахс шароит тайёр кардан аст. Давлат пеш аз ҳама барои таъмини фаъолияти маънавии шахс, барои омода сохтани пойгоҳи моддиву техникии ҷомеаи демократӣ, инкишофи фарҳанги маънавию моддӣ - мактабу маориф, илму санъат адабиёту забон, касбу ҳунар ва ғайра мекўшад, то ки афкори фалсафӣ ва шуури маънавӣ, аз ҷумла шуури динӣ, инчунин худшиносии миллӣ ба дараҷаи баланд бирасад ва барои таассуб - таассуби динӣ, миллӣ, идеологӣ ва ғайра имкон намонад ё ки кам бошад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо