Хуросон аст ин ҷо

Ба ақидаи банда, ин ҷаҳонгароиро, ки маънои ғарбгароӣ дорад, набояд бипазирем. Ҷаҳонгароӣ он гоҳ қобили пазириш аст, ки иборат аз ҳамназдикии халқҳову кишварҳо ва тамаддунҳо, амали мутақобили онҳо, таъсирпазирии онҳо аз якдигар бошад, яъне моҳияташро хеле дигар бикунад. Гуфтугўйи тамаддунҳо, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон хидмати ҷомиаи ҷаҳонӣ пешниҳод кард ва Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз тарафдорони садоқатманди он аст, беҳтарин роҳе ба сўйи ҷаҳонгароист.
Мегўянд, ки ҷаҳонгароӣ ва ҳамназдикии тамаддунҳо ду рўйдодест, ки ба куллӣ аз ҳам фарқ дорад ва онҳоро набояд ба ҳам омехт. Оре, ин ду мафҳум моҳиятан аз ҳамҷинсӣ хеле дуранд. Бо вуҷуди ин, ҳатман ин ду равияи бузурги ҷаҳониро ба ҳар василае ба қадри имкон ба ҳам наздик овардан, миёни онҳо алоқамандии пурзўр эҷод кардан лозим аст. Он гоҳ хавфу хатаре, ки аз ҷаҳонгароӣ чашм дорем, кам мешавад, имкони ҳамбоварӣ, ҳамдастиву ҳампоӣ бештар мегардад. Он гоҳ имкон бештар хоҳад буд, ки ҳама минтақаҳои иқтисодии ҷаҳон ба пешвози якдигар бираванд, ба рўйи якдигар оғўш бикшоянд. Ва ҷаҳонгароии ростин ҳамин хоҳад буд.
Ба фаҳми мо, ҷаҳонгароии ростин аз гуфтугўи тамаддунҳо оғоз шуда, ба ҳамназдикӣ ва ҳамдастии онҳо хоҳад расид. Ва комилан рухнамуде маънавибунёд аст. Аммо ба фаҳми ғарбиён ҷаҳонгароӣ тамоман ба моддигароӣ асос ёфтааст. Ин моддиятписандӣ ва он маънавиятгароиро ба ҳам созиш додан, ба ҳам як кардан лозим аст.
Ҳеҷ мумкми нест, ки имкони ба ҳам як кардани онҳо вуҷуд надошта бошад. Чунин имконро ҷустан ва пайдо кардан даркор аст. Ҷўянда ёбанда аст. Бегумон, ин ҷустуҷў бо гуфтугўи тамаддунҳо оғоз меёбад.
Ҷаҳонгароӣ бояд бунёди маънавӣ дошта бошад. Ин маънавиятро пойгоҳи устувори моддӣ даркор аст. Ии пойгаҳи зўрманди моддиро глобализми кунунӣ омода мекунад.
Дар ин маврид бояд ба ёд дошт, ки моддиёт пойгаҳ аст, на саргаҳ. Саргаҳ ҳамоно маънавият хоҳад буд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо