Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Шояд яке аз сабабҳои асосӣ ин бошад, ки форсии тоҷикӣ аз аввал дар ин сарзамин тавъам бо як маънавияту фарҳанги олӣ вуҷуд дошт, онро ифода мекард, аз он қувват мегирифту онро қувват мебахшид ва ин ҳар ду решаҳои якдигарро ба ҳар сў амиқтар ронда устувор карда, дар душвортарин шароит ҳам бақои умри якдигарро таъмин менамуданд ва ҳанўз таъмин менамоянд. Зотан забон, хусусан забони тавоно ва пуримконият маҳсули маънавияти баландест, аз он ғизо гирифта устуворӣ пайдо мекунад ва онро ғизо дода устуворӣ мебахшад. Натиҷаи ин қувваафзоии дутарафа, оқибати амали ин неруи дучандон он аст, ки ҷону тани миллат мадор мегирад, сари ифтихори вай баланд меравад, қобилияти ҳаётиаш афзун мегардад. Маънавият ва забон ҳар чи қавитар аст, миллат тавонотар ва ҷонсахттар хоҳад буд.
Маънавияту маданият ва ифодаи барҷастаи он аз сарчашмаҳои умдаи қувваи ботинӣ ва яке аз омилҳои асосист, ки умри дарози шахсу миллатро таъмин менамояд.

Чаро маънавият дар ҳувияти миллии эрониён, аз ҷумла мардуми тоҷик аҳамияти вежа пайдо кардааст? Барои ҷавоб ҷустан ба ин суол андаке ба таърих рў меорем.
Тоҷикон аз эрониёни шарқиянд. Ватани таърихии онҳо Хуросони бузург, яъне Осиёи Миёна, қисми зиёди Афғонистони имрўза, шарқ ва шарқи шимолии Эрони кунунист. Ибни Фақеҳ, ки аз ҷуғрофиёни охири садаи нўҳ ва аввали садаи даҳи мелодист, дар китоби «Ахбор-ул-булдон» гуфтааст: «Мардуми Хуросон дар шумор аз Форсанд, агарчи худ Хуросон паҳновартар аз он аст». Баъд ў аз гуфти Балозурӣ, ки низ аз донишмандони он замон аст, ҳудуди

пешина
аз 351
навбатӣ