Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Яке аз сабабҳои ин ки тоҷикону ўзбекони водиҳои Осиёи Миёна дар зисту маишат, расму одат, ахлоқу одоб, мусиқиву рақс ва ғайра аз ҳам фарқ надоранд ё кам тафовут доранд, ҳамин аст, ки бисёре аз он узбекон дар гузаштаи наздик тоҷик буданд ва асосан бо дигар шудани забон мансубияти миллиашон тағйир ёфт. Фарҳангатон – урфу одат, хўроку пўшок, суруду рақс ва ғайра ҳама чунонки тоҷикӣ буд, ҳамчунон монд, фақат матни сурудҳо ўзбакӣ шуд. Он ҷо тоҷику ўзбек асосан бо забон аз ҳам фарқ мекунад.
Дар ин маврид забон нишонаи асосии миллат аст ва аз дигар нишонаҳо зиёдтар аҳамият дорад.
Ба ин ваҷҳ мардуми Бухорову Самарқанд, бисёре аз аҳолии Сурхондарёву Қашқадарё Фарғонаву Тошканд, ки ҳанўз ба тоҷикӣ гап мезананд, агарчи дар шиноснома ўзбек навишта шудаанд, тоҷиканд масалан аз таҳқиқи мардумшиносони Санкт- Петербург дар даҳаи ҳаштоди қарни бист маълум шуд, ки ҳаштод фоизи аҳолии вилояти Бухоро тоҷиканд). Онҳоро дар ҳама санадҳои расмӣ ўзбек нависанд ҳам, то забони форсии тоҷикӣ дар байни онҳо зинда аст, ҳама тоҷик хоҳанд буд. Ин забон дар таъйини миллияти онҳо далели асосист. Ҳатто баъзе тоҷикони он сарзамин ихтиёран худро ўзбек ба қалам диҳанд ҳам, азбаски ин қаламдоди «ихтиёрӣ» натиҷаи зўровариҳои дерин аст, мо бояд мансубияти миллии инҳоро аз рўи меъёрҳои объективии илмӣ таъйин намоем.
Оре, дар байни мардумони ин сарзамин форсии тоҷикӣ ҳанўз зинда аст. Ҳанўз ҳамин ки имкон шуд, мардум талаб менамояд, ки мактаби тоҷикӣ кушода шавад, рўзномаи тоҷикӣ ба табъ расад, форсии тоҷикӣ забони расмии идорахонаҳо бошад ва ҳоказо.
Баъзеҳо бо ҳайрату тааҷҷуб суол мекунанд, ки оё сабаби ин ҳама ҷонсахтии забони форсии тоҷикӣ чи бошад? Аз чист, ки ин забонро решакан кардан ба ин андоза душвор омад ва ҳеҷ муяссар намешавад?

пешина
аз 351
навбатӣ