Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

К Ясперс дар китоби «Саргаҳҳои таърих ва мақсади он» (1949) мегўяд, ки тамаддуни Байнаннаҳрайн ва Мисри Қадим моҳияти маънавӣ надошт, дину ойини онҳо «дорои хусусияти ҷодуӣ буда», «аз равшангарии фалсафӣ, аз шавқи растагорӣ» маҳрум буд.
Аммо дар «даврони меҳвар» ҳаёти маънавӣ оғоз ёфт, динҳои ҷаҳонӣ ва файласуфҳо ба дунё омаданд, чанд «маркази маънавӣ» пайдо шуд, «фарҳангҳои меҳвар» ташаккул ёфтанд ва аҳли башар аз ҷаҳонбинии устураӣ (мифологӣ) ба тафаккури фалсафӣ гузашт.
К. Ясперс мегўяд, ки дар «замони меҳвар» «ҳама ҷараёнҳои фалсафаи Чин ба вуҷуд омад», «дар Ҳинд Упонишод пайдо шуд...
дар фалсафаи Ҳинд, чунонки дар Чин буд, ҳама имконоти дарки фалсафии воқеият... баррасӣ гардид… Зардушт дар бораи оламе сухан меронд, ки муборизаи некӣ бо бадӣ давом дорад; дар Фаластин пайғомбарон... зуҳур карданд; дар Юнон замони меҳвар замони Ҳомер, файласуфҳо Парменид, Ҳироқл, Афлотун, фоҷианигорон, Фукидид ва Архимед буд».1 Ба гуфти К. Ясперс дар он замон «чунин навъи инсон, ки то имрўз мавҷуд аст, пайдо шуд», «инсон ҳастиро ба яклухтӣ, худро ва ҳудуди худро дарк кард»…, «чун ҳудуди худро муайян мекард, пеши худ мақсадҳои олӣ мегузошт, мутлақиятро дар аъмоқи худогоҳӣ ва возеҳияти дунёи бартар аз таҷриба (транссендент) дарк намуд. Ин ҳама ба воситаи андешапарварӣ (рефлексия) ба вуҷуд меомад, «мақулаю категорияҳои асосӣ, ки мо то имрўз дар заминаи онҳо фикр мекунем, тарҳрезӣ шуд, асоси динҳои ҷаҳонӣ, ки имрўз ҳам дар ҳаёти мардум мавқеъи бузурге доранд»,2 пайгузорӣ гардид.
Ин аст, ки парвози афкори маънавӣ барои инсоният он арзишҳоеро овард, ки имрўз ҳам зиндагии мо поя бар онҳо дорад.

1 К. Ясперс. Смысл и назначение истории (Маънои таърих ва ҳадафи он).
2 Дини буддоӣ, яҳудӣ, исавӣ дар мазар аст.

пешина
аз 351
навбатӣ