Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бунёди ҳасти маънавии имрўза он гоҳ гузошта шуда буд. Он гоҳ мардуми мо ба роҳи зиндагии ҳақиқии инсон- зиндагии маънавиасос бо устуворӣ қадам зад, андешапарварӣ, ҷустуҷўҳои амиқрави илмӣ, фарҳангиву ахлоқӣ пеш гирифт, дар худҷўиву худшиносӣ ва фаҳмиши фалсафии худ ва муҳити худ, дар мавриди дарки маънои одамият ва зиндагии одамвор комёбиҳои калонеро ноил омад.
Рушду такомули ин ҳама ҷўяндагиҳо инсонро ба тамаддуни ҳазораи кунунӣ расонид.
Ба ақидаи К. Ясперс «асли таърихро фаъолияти олии маънавӣ эҷод мекунад» ва аз ин рў тамаддуни Мисри Қадим ва Байнаинаҳрайн ба давраи «пеш аз таърих» тааллуқ дорад.
Халқҳое, ки дар «даврони меҳвар» фарҳанги маънавӣ бунёд ниҳодаанд, аз К. Ясперс «халқҳои меҳвар» ном гирифтаанд. Вай гуфтааст: халқҳои меҳвар «он халқҳоеанд, ки таърихи худро пайгирона идома дода, ҷаҳише ба амал оварданд ва дар ин ҷаҳиш гўё дубора зода шуданд, умри дубора ёфтанд, дар натиҷа асоси моҳияти маънавии инсон ва таърихи ҳақиқии ўро бунёд гузоштанд. Мо чиниён, ҳиндувон, эрониён, яҳудиён ва юнониёнро чунин халқҳо медонем».2 Чунонки мебинем, К. Ясперс эрониёнро яке аз «халқҳои меҳвар»
меҳисобид. Вай Зардуштро яке аз сардафтарони тафаккури фалсафӣ, аз поягузорони ҳаёти аслии инсоният - ҳасти маънавӣ ва таърихи ҷаҳон мешуморад. Аз ин рў яке аз ҳавзаҳос, ки «асли таърих» он ҷо оғоз гирифтааст, Эрон аст. Ва чуи зодгоҳи Зардушту Авасто Хуросон аст, ба таъкид бояд бигўем, ки оғозгоҳи маънавияти Эрон ҳамин сарзаммн, аз ҷумла Мовароуннаҳр аст.
К. Ясперс таъкид менамояд, ки баъзе донишмандон «кўшидаанд, ки дар доираи рушди инсоният сарчашмаҳои умумии таърихии чанд халқеро, ки чунон дигаргуниҳо аз сар гузаронидаанд, биёбанд.

пешина
аз 351
навбатӣ