Хуросон аст ин ҷо

Дуруст аст, ки ин сарчашмаҳо ба мо маълум нестанд.
Эҳтимол меравад, он сарчашмаҳоро аз моқабли таърихи Осиёи Миёна бояд ҷуст».1
Камина чунин таъкиди Ясперсро ба он маънӣ фаҳмидам, ки ў оғозгоҳҳои «даврони меҳвар»-ро аз Осиёи Миёна ҷустан мехоҳад.
Ин нияти донишманди фалсафаи таърих зиёда муҳим аст, зеро поя бар чунин ақидае дорад, ки яке аз саргаҳҳои фарҳанги маънавии ҳама ҳавзаҳои меҳвар ва таърихи башар дар Осиёи Миёна буд.
Назарияи замони меҳвар, ки аз ҷумла ягонагии фароянди (протсесси) ҷаҳонии таърихро падид меорад, хилофи марксизм буд.
Марксизм таълим медиҳад, ки омилҳои иқтисодӣ дар инкишофи ҷомеа нақши таъйинкунанда дорад ва пояи ҷомеа бар истеҳсолу бозистеҳсол (тавлиду бозтавлид) аст, аммо К. Ясперс маънавиятро омили асосии рушди таърихӣ донистааст. Аз ин сабаб навиштаҳои К. Ясперс дар шўравии собиқ тарҷума ва чоп намешуд, аксари донишмандони шўравӣ то солҳои охир аз назариёти ў бехабар буданд. Камина фақат пас аз он, ки ин мақолаи худро ба поён расонидам ва ба маҷаллаи «Садои Шарқ» супурдам, моҳи июли 1994 ба шарофати фарзандон китоби ў ба дастам расид, ки ба ғоят ҷолиб намуд. Он гоҳ зарур донистам, ки ин чанд саҳифаро ба мақолаи худ илова кунам.
Ҷолибияти китоби К. Ясперс барои мо аз ин аст, ки назарияи замони меҳвар барои амиқан дарк шудани нақши таърихии Эрон, аз ҷумла ватани таърихии тоҷикон Хуросону Мовароуннаҳр хеле муҳим буда, барои ошкор кардани моҳияти ҳастии таърихии эрониён, аз ҷумла тоҷикон аҳамияти бузург дорад. Таърих аз сар шудани ҳаёти маънавии инсон оғоз ёфт ва мардуми эронӣ бо Зардушт, ки пайғамбари бостонии ин мардум, якумин шоир, донишманд, файласуф ва лашкаркаши онҳост, бо китоби Авасто, ки якумин донишномаву фарҳангномаи бузург ва баёнгари фалсафаи ҳаёти онҳост, дар сари сарчашмаи таърих қарор ёфтаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё