Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Чунонки профессор Ричард Фрай гуфта буд, «исломи араб ва исломи ғайри араб дар Мовароуннаҳр ба маҳаки озмоиш зада шуд» ва «имтизоҷи Эрон ва ислом бузургтарин дастоварди Сомониён буд».1 Ин ҳам гуфтанист, ки мардуми эронӣ, ба хусус хуросониён дар густариши ислом, дар доман паҳн кардани он ба кишварҳои дигар бисёр ғайрат кардаанд, дар миёни халқҳое чун уйғурҳо, туркманҳо, қазоқҳо, қирғизҳо ва ғайра ислом ҷорӣ намудаанд. Дар ин маврид бояд таъкид шавад, ки аҷдоди мо на ба зарби шамшер, ба зўроварию хунрезӣ, балки бо илму дониш ва мантиқи сухани ҳақ мардумонро ба ислом мекашиданд.
Устод Абулҳусайни Зарринкўб Хуросонро «маҳди деринаи тасаввуфи исломӣ» номидааст, зеро «ин сарзамин аз қадим дар парвариши тасаввуф таъсири қобили мулоҳиза дошт».2 Дар шарҳи сабаби ин қазия устод Зарринкўб тасаввуфро «мурдарег (мерос)-и Эрони бостонӣ» шуморида ва гуфтааст: «Порае аз аносири ирфонӣ дар ақоид ва одоби маздаясно ва ҳам дар иаолими Зардушт ва Авасто вуҷуд доштааст, ки ривоҷи онҳо собиқаи омодагии муҳити фикрию зеҳнии эрониёнро барои қабули порае аз мабодии суфия нишон медихад». Мо ин матлабро вобаста ба мавзўъи мақолаи худ баён кунем, бояд бигўем, ки чун Хуросон дар фаро расидани «даврони меҳвар» дар Эрон пешдастӣ дошт, ҳеҷ ҷои тааҷҷуб нест, ки падидаи маънавияти волое чун тасаввуфу ирфон маҳз дар Хуросон арзи вуҷуд кард.
Ҳамон дархости маънавию ахлоқии «пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек» ва тасаввуроте дар бораи моҳияти маънавии ҳастии инсон, ки дар тўли асрҳо хусусияти зеҳни мардуми эронӣ - менталитети онҳоро муайян мекард, ба арзишҳои волои исломӣ ба маротиб ғанӣ гардида, барои шаклгирии асосҳои тасаввуф замина ҳозир кард, аз ҷумла барои ҷустуҷўи роҳҳои ташаккули инсони комил саҳме басазо гузошт.

пешина
аз 351
навбатӣ