Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Оре, чун на танҳо нумўъгоҳи оини Митро, оини Зардушт ва Авасто, балки зодгоҳи аслии асотир ва ҳамосаи эронӣ, достони Рустам, Исфандиёр, Сиёвуш ва ҷуз инҳо низ Хуросон буда, воқиаҳои «Шоҳнома» асосан дар ин ҷоҳо рўй додаанд, бо ҷуръати тамом метавон гуфт, ки ин сарзамин гаҳвораи фарҳанги маънавии Эрон аст ва аҷдоди тоҷикон дар сари ин гаҳвора шабзиндадорӣ кардаанд.
Шарқи Эрон - Хуросону Мовароуннаҳр роҳҳои фарҳанги маънавиро барои мардуми тамоми Эрон равшан кардааст, бисёр зобитаҳои ҳаёти маънавӣ, хусусиятҳои забон ва адабиёту ҳунари онҳоро муайян намудааст. Ба ин сабабҳост, ки эҳёи миллии Эрон дар ҳамин сарзамин фаро расид. Дар даврони эҳёи миллии Эрон, яъне дар аҳди оли Сомон бори дигар он ҳақиқат ба субут расид, ки решаҳои ҳастии ҳама эрониён аз хоки поки Хуросон шираи маънавӣ гирифтааст.
Карл Ясперс гуфтааст: «Башарият бо он ки он гоҳ (дар «замони меҳвар» - М. Ш.) рўй дода буд, бо он ки он гоҳ ба вуҷуд омад ва ба андеша гирифта шуд, то имрўз зиндагӣ мекунад. Ҳар болорафти нави ў хамроҳ бо рў овардан ба даврони меҳвар, бо бозгашт ба он аст, ҳар парвози маънавиро эҳёи даврони меҳвар метавон номид». 1 Аҳли башарро ҳар сари чанд гоҳ эҳёи маънавӣ лозим меояд.
Барои ин ки инсоният дар давраҳои муҳимми таърих як қадами ҷиддӣ пеш гузорад, зарур аст, ки аввал як ба асли худ баргардад, ба маънои асли худ бирасад ва дар асоси шинохти моҳияти аслии худ таъйин бикунад, ки имрўзу фардои ў чи гуна бояд бошад. Эҳё аз асли ҳастии худ умри дубора ёфтан ва дар ин асос ба умри дубораи худ мазмуну шаклҳои нави замонӣ бахшидан аст.

пешина
аз 351
навбатӣ