Хуросон аст ин ҷо

Мақсади панславистҳо мардуми туркнажодро ба сўи Русия моил кардан аст, бисёр мехоҳанд, ки мардуми турк аз олами ислом ва эрониён рўй битобанд ва дар ин роҳ, аз кўшишҳос, ки халқҳои туркро ба муқобили эронинажодон бишўронанд, худдорӣ намекунанд. Мутаассифона, ҳатто баъзе донишмандони ховаршинос ҳам дар ин кор ширкат варзидаанд. Чунончи академик Василий Радлов, ки фаъолияти таблиғгарони масеҳиро дар байни халқҳои турк ва ба масеҳият ҳусни таваҷҷуҳ нишон додани туркҳоро бо мамнуният зикр карда буд, чун дар даҳаи шастуми қарни нуздаҳ бо лашкари Русия ба Мовароуннаҳр то Самарқанду Панҷакат омад, дар рўзномааш бо афсўс навишта буд, ки «ба забони поку дурусти туркӣ асосан дар даштҳо гап мезананд, ки он ҷо тамаддуни ислом, ки забонро хароб ва рўҳи халқро нобуд мекунад, ҳанўз роҳ наёфтааст».1 Ба диди В. Радлов хароб шудани забони туркӣ иборат аз он будааст, ки масалан дар байни ўзбекони водии Зарафшон «ҳатто мардуми бесавод ибораҳои арабию форсиро бисёр ба кор мебаранд» ва «қонуни ҳамоҳангии (сингармонизми) садонокҳо (мусаввитҳо) ба хотири аҷнабиёни омада вайрон ва тағйир дода шудааст». Чунонки мебинем, В.
Радлов тоҷиконро «аҷнабиёни омада» номидааст, вале ин суханаш, ки аз ноогоҳии афвнопазири як олими шарқшинос гувоҳӣ медиҳад, дар пеши оҳанги иғвогаронаи сухани ў, ки як қисми аҳолиро ба қисми дигараш шўр андохтан мехоҳад, чандон гуноҳи калон нест.
В. Радлов ба тарзи зиндагӣ ва тафаккури мардуми ўзбек нақше гузоштани фарҳанги таҳҷоиро таъкид кардааст. Вале вай боз ҳам афсўс мехўрад, ки «аҳолии турки шаҳрҳо дар натиҷаи омехтагӣ бо унсури форсӣ аз бисёр ҷиҳатҳо дар саҷия ба тоҷикон наздик шудаанд».2 Инчунин қайд мекунад, ки дар шаҳр ҳар ҳавлӣ меқмонхонае дорад ва дар тоқҳои меҳмонхона «одатан чойнику пиёла, инчунин китобхонаи соҳиби ҳавлӣ, ки аксаран аз китобҳои фарсуда иборат аст, ҷойгиранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё