Хуросон аст ин ҷо

Дар Осиёи Марказӣ, ҳатто берун аз ҳудуди он шояд чунин ду халқе кам метавон пайдо кард, ки то ин андоза хунашон ба ҳам омехта, ҳастии маънавӣ, бинишу фаҳмишашон ба ҳам наздик омада бошад. Агарчи омезиши хун бо роҳҳои гуногун ва гоҳ бо тарзҳои нораво сурат мегирифт, ҳаргиз набояд фаромўш кард, ки ширпайванду ҷонпайванд дар миён аст. Ҳам тоҷикон ва ҳам ўзбекон бояд қадри ин ягонагӣ бидонанд. Эҳсоси ҳамхуниву бародарӣ бояд лаҳзае суст нашавад ва ҳамеша ҳамдилӣ бияфзояд.
Ҳамдилӣ гоҳ, аз ҳамхунӣ муҳимтар аст. Ба хусус ҳамдилие, ки аз хунпайванд ба ҳосил омадааст, қудрате хоҳад дошт, ки мардумро ба сарманзили мақсудҳои олӣ бирасонад. Ояндаи ин ду халқ ба ин вобастагӣ хоҳад дошт, ки риштаҳои пайванди дили онҳо то чи андоза устуворӣ пайдо мекунад.
Алломаи Иқболи Лоҳурӣ гуфтааст:
На афғонему на турку таторем,
Чаманзорему аз як навбаҳорем.
Тамизи рангу бў бар мо ҳаром аст,
Ки мо парвардаи як шохсорем.
Дар чаманзори навбаҳорон ҳама шохсор аз якдигар рангу бў мегирад ва дар ҳамбастагӣ нумў мекунад. Чаманзори турку тоҷик аз як навбаҳор ин ҳама рангомезӣ ва назаррабоӣ дорад. Қадри ин неъмат бояд донем ва онро чун мардумаки чашм эҳтиёт кунем.
Падидаҳои маънавият дар зиндагии мардуми тоҷик басо гуногун ва рангоранг буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё