Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ин ҳақиқатро амиқан дарк бояд кард, ҷилваҳои рангоранги онро бояд донист, то ки худшиносии шахс ва худогоҳии миллат ба роҳи дуруст дарояд, миллат дар роҳи истиқлол, дар муайян кардани фардои таърихии худ самтгирии огоҳона ва бехато дошта бошад.
Бино бар ин аз он чи дар ин мақола гўшрас омад, мақсад таъкиди як ҳақиқати дигар аст. Мо он ҳақиқатро таъкид кардан мехоҳем, ки бунёди маънавии ҳаёти тоҷикон дар як-ду садаи охир, бахусус дар шаст-ҳафтод соли асри бист хеле суст шуд. Инқилоб арзишҳои олии маънавиро инкор кард, ба роҳи ёдзудоии таърихӣ даромад, китобсўзӣ пеш гирифт, дину оин, урфу одат ва анъанаҳои фарҳангиро нест кардан хост (таъбири урфу одатҳои феодалӣ – бойӣ пайдо шуд), забони миллиро аз идорахонаҳои давлат, аз ҳаёти иҷтимоъӣ берун ронд ва ба нобудӣ маҳкум сохт. Фарҳанги миллӣ, адабиёту санъат, ахлоқу одоб дар бисёр минтақаҳо паст рафт. Ин раванд дар марказҳои бузурги инкишофи фарҳанг ва ҳавзаҳои асосии амали забони адабӣ низ ҷиддан эҳсос мешавад. Мактабу маориф, дараҷаи савод, одоби муомила дар саросари қаламрави забони форсии тоҷикӣ рў ба инқироз овардааст. Пошхўрди импиротурии шўравӣ ва фоҷиаҳои он, нобасомониҳои иқтисодӣ, нооромию бетартибиҳо ва ҷанги бародаркушии даҳаи навад дар Тоҷикистон таназзули маънавияту фарҳанг ва одамияту одобро суръат бахшид. Ҳоло ҳама дар ғами як даҳан нон мондаанд ва фикрашон аз доираи ин ғам берун намеравад.
Албатта ин ҳолат дер давом нахоҳад кард. Фардо ё пасфардо мардум ба худ меоянд ва ба андеша мераванд, ки минбаъд чи бояд кард, то зиндагии одамвор муяссар бошад. Шояд он гоҳ боз пай бурдан ба зарурати ҳаёти маънавӣ оғоз хоҳад ёфт, ба арзишҳои инсонӣ эҳтиёҷ хоҳад афтод..

пешина
аз 351
навбатӣ