Хуросон аст ин ҷо

Фарҳанг намурданист ва маънавият канда шудан надорад.
Пурдаҳшаттарин фоҷиаҳои замон ҳам наметавонад маънавиятро қатъ бикунад. Моҳияти ҳастии инсон маънавият аст ва қуввае нест, ки инсонро аз моҳияти аслӣ маҳрум созад. Албатта, шароити ғайриинсонӣ қобил аст, ки инсонияти шахсро ба нестӣ расонад, дар дили ў ваҳшониятро қувват диҳад ва дар ҷомеа пояҳои одамиятро суст кунад. Дар ин сурат ҳам одамияту маънавият поянда хоҳад буд.
Вале бояд фаромўш накунем, ки замони тўфонии мо, пайи ҳам омадани фалокатҳои бузурги иҷтимоъӣ, ки на имрўз, балки ду садсе сад соли пеш оғоз ёфта, хусусан дар садаи бист ба ғоят қувват гирифт, пояҳои маънавии ҳастии тоҷиконро тамоман ба ларзонӣ овардааст. Пастмаънавиятӣ, ки онро ҳатто бемаънавиятӣ метавон номид, афзоиш дорад. Пайванди дирўзу имрўз дар фарҳангу маънавият, дар забон, дар урфу одат ва одобу услуб хеле суст шудааст ва гоҳ гумон меравад, ки пайванди замонии фарҳангӣ дигар вуҷуд надорад. Аз ҷумла тафаккури китобӣ барҳам хўрдааст ва парастиши шеъру шеърият ба тамом аз миён рафтааст. Ҳоло аз тоҷикон (ғайр аз баъзе адибон) касеро намебинем, ки ҳангоми гуфтушунид байте ба ёд оварад.
Дар замони шўравӣ аксари мероси фарҳангӣ, осори мазҳабӣ, фалсафӣ, тасаввуфӣ, бисёре аз осори адабии замонҳои гузашта, хулқу одоб, урфу одат ва маросимҳо, ҳатто ҷашни наврўз, ҳар чизе ки аз маҳсули андешаҳову таҷрибаи гузаштагон, аз анъанаву суннат доштем - ҳамагӣ чизи феодалию динии зарарнок дониста шуд ва бо сахтгирии тамом манъ гардид. Дар ҷомеа ҳолате рўй дод, ки ҳама муқаддасоти маънавӣ эътибор аз даст доданд, аз ҷумла китоб - ин ганҷинаи маънавиёти асрҳо, ки дируз аз гаҳвора то ба тобут дар ҳар қадами мардум раҳнамою мушкилкушои зиндагӣ буд, аз дидгоҳи идеологияи шўравӣ як унсури иртиҷоии пурзиён дониста шуд.
Ҳоло дар тафаккури мардум, дар гуфтор ва одоби рафтор нақше аз китоб ба нудрат ба назар мерасад. Аз тарбияи аньании
хонагӣ, аз таълимоти қадимии китобӣ, ки ба таҷрибаи тарбиятгарии чанд насли мардум асос ёфта буд, гўё чизе боқӣ намондааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё