Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Яке аз ақидаҳое дар бораи қонунҳои рушди ҷомеа ин аст, ки иқтисодро асоси зиндагии мардум ва пешрафти ҷомеа медонанд.
Идеологияи шўравӣ низ иқтисод ва моддиётро бунёди ҳастии инсон ва ҷомеа ҳисобида, ҳама соҳаҳои дигар, аз ҷумла фарҳангро тобеъи он ба шумор меовард. Михаил Горбачов ҳам аз нимаи даҳаи ҳаштод бо ҳамин ақида кор сар кард ва чун миёни Озарбойҷону Арманистон муноқишаи Кўҳистони Қарабоғ оғоз ёфт, мисли сарварони пешини шўравӣ масъалаи миллиро низ фақат масъалаи иҷтимоъии иқтисодӣ гумон кард ва ҷанбаи маънавии он ба гўшаи хотираш роҳ наёфт. Аз ин рў ба масъала чигил афтод. Ниҳоят дар оғози даҳаи навад М. Горбачов изҳор намуд, ки моҳияти масъалаи миллиро соли 1990 фаҳмидааст, вале боз ҳам нагуфт, ки ин фаҳмиши ў чи гуна аст.
Мо дар Тоҷикистон ҳанўз бар инем, ки дар ҳаллу фасли масъалаҳои ҷомеа масъалаи фарҳанг бояд дар ҷои дувум қарор ёбад (аз маънавият аслан сухане нест), зеро аз ҳалли масъалаҳои фарҳанг шиками касе сер нахоҳад шуд ва аввало моддиёту иқтисодиёт, истеҳсолу истеъмоли неъматҳои моддӣ осоиши миллат ва асбоби пешрафти онро фароҳам хоҳад овард. Чун иқтисоду истеҳсол ба роҳ монда шуд, дар ҳаққи фарҳанг ҳам метавон ғамхорӣ кард.
Чунин фаҳмиш аз он ҷо сар задааст, ки ҳастии инсонро зотан ҳастии моддию ҷисмонӣ медонанд. Дар ин сурат табиъист, ки дархосту манфиатҳои ҷомеаи инсонӣ ва ҳалли масъалаҳои рушду такомули онро низ аз моддиёту ҷисмиёт меҷўянд. Ва ҳол он ки ин рафтор яктарафа аст.

пешина
аз 351
навбатӣ