Хуросон аст ин ҷо

Аз чунин дидгоҳ он ҳақиқат пинҳон мемонад, ки инсонро асли маънавӣ инсон кардааст. Асли ҳастии инсон пеш аз ҳама на аз вуҷуди ҷисмонии ў, балки аз моҳияти маънавии вай падид меояд. Пас дар ҳалли масъалаҳои ҷомеа ҷанбаи маънавиро ба ҷои аввал бояд гузошт. Аз ҷумла масъалаи миллӣ дар кишварҳои сермиллат пештар аз ҳама мавзўи маънавият аст.
Гурўҳе бар инанд, ки амали қонуне ба номи «қонуни яклухтӣ»
шарти асосии иттиҳоду рушди ҷомеа аст, яъне ҷомеа дар яклухтию якпорагӣ, дар ҳамоҳангии омилҳои асосии рушд метавонад пешрафт бикунад. «Қонуни яклухтӣ» дар ҷомеа он гоҳ метавонад мукаммалан ҷараён бигирад, ки се омили ҳамгароӣ - фарҳанги маънавӣ, иқтисод ва давлат баробар ва ҳамқадам амал бикунад.
Дар ин номгўй фарҳанги маънавӣ дар ҷои якум аст. Дар ҷомеа мақсади асосӣ ҳамин маънавият буда, иқтисодиётро василаи умдаи расидан ба маънавият бояд донист. Давлат ташкилкунандаи равандҳои маънавию иқтисодист, ки рушду камоли маънавиро таъмин менамояд. Лекин шарт он аст, ки ин се омили иттиҳоди ҷомеа баробар амал бикунад. Агар яке аз ин омилҳои иҷтимоъии ҳамгароӣ натавонад мукаммалан вазифа адо намояд, он ду омили дигар низ наметавонад ҳамзамон амал дошта бошад ва пурмаҳсул натиҷа бидиҳад. Мумкин аст, ки яке аз омилҳо дар як марҳала фаъолтар аз дуи дигар бошад, вале агар ин фаъолиятмандӣ аз ҳадду андоза гузарад, таносуби қувваҳо вайрон хоҳад шуд ва ҷомеа аз ҳамоҳангӣ, аз имкони иттиҳоду ҳамгароии умумӣ маҳрум хоҳад монд.
Чанде пеш академик Нўъмон Неъматов махсусан гўшрас овард, ки Абунасри Форобӣ ҳазор сол пеш аз ин дар назарияи кишвардорӣ таъкид карда буд: давлате, ки танҳо бо масъалаҳои иқтисодӣ маҳдуд мешавад ва ё сиёсатро мақсади асосӣ медонад, давлати ҷоҳила аст, на фозила.1 Баъзе аз дигар аҳли назарияи давлатдорӣ дар гузашта ва имрўз низ таъкидоте наздик ба ин доранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё