Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Сармир ба вай нигариста, ҷиддӣ мегуфт:
– Таманно!
– Лаббай!
– Аз куҷо омадӣ?
– Аз шаҳри Ҳорун.
– Чӣ овардӣ?
– Тухму собун...
– Таманно!
– Лаббай!
– Кай омадӣ?
– Бегоҳ.
– Чӣ овардӣ?
– Ҳино...
– Таманно!
– Лаббай!
– Натарсидӣ?
– Аз киҳо?
– Аз посбони сари роҳ.
– Омадам ман ба ҳаво...
– Таманно!
– Лаббай!
– Чӣ лозим ба ту ҳино?
– Мебандам ба дасту по.
– Кай мебандӣ?
– Вақти сабо...
– Таманно!
– Лаббай!
– Зоғ мақбул аст, ё занбўр?
– Зоғ...
Бачаҳои бозигар фавран овози зоғро тақлид мекарданд
ва ангуштони дасти росташонро минқор сохта, ба Таманно
паёпай нул мезаданд.
Дар рафти ҳуҷуми зоғҳо Таманно мекўшид, ки ягон касро дорад. Ниҳоят зоғе… масалан, Мурод ба даст афтида, дар
ҷои Таманно мегузашт.
Ва байни сармиру Мурод тақрибан чунин гуфтугў мешуд:
– Мурод!

пешина
аз 551
навбатӣ