МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Вай ўро дар ҳар ҳолат медид; ҳам хандону ҳам гирён, ҳам кўдаки беғаму ҳам духтари қадрас... Агар лаҳзае он рўзи мудҳиш – рўзи дафни падари Таманно пеши назараш ояд, лаҳзаи дигар бозиҳои бачагиашонро ба ёд меовард. Ва дар машом роиҳаи борону сабзаи навхези баҳорон, дили ташнаи ў ширин-ширин гум мезад, ки кай ба дидори Таманно мерасад; ба дидори ҳамон Таманное ки як замон духтарчаи шўху шаттоҳ буда, имрўз дар тамкину зебоӣ ҳамто надорад.
Анвар бо вуҷуди борони сахт дар хонаи зин устувор нишаста, бозиеро ба хотир меовард, ки дар кўдакӣ ба онҳо ниҳоят мақбул буд.
Зоғобу ном дошт он бозӣ. Вай то ҳол намедонад, ки маънии зоғобу чист. Вале дар айёми дури беғамӣ чанги кўчаро бароварда, «зоғобу, зоғобу!» – гўён суруд оғоз кардан ба онҳо бисёр хуш меомад. Таманно хурсанд мешуд, механдид; гул барин шукуфта, қаҳқаҳа мезад. Ва бачаҳоро гаштаву баргашта ба бозӣ мекашид.
...Шаш-ҳафт нафар духтараку писарак дар қади кўча ҷамъ омада, шумурак мегуфтанд ва якеро сармир интихоб менамуданд. Аҷаб, ки сармирӣ аксар ба зиммаи Анвар меафтид. Вай – ё сармири дигар – аз бозигарон хоҳиш мекард, ки ангушти ишорати дасти росташонро ба кафи ў гузоранд.
Бачаҳо хоҳиши сармирро зуд ба ҷо меоварданд. Баъд вай суруд мехонд:
Зоғобу, зоғобу!
Дарахти себу олу!
Аз боло куланг омад,
Кулангбача ланг омад!
Поин омад – ба санг зад,
Карахт шуду ба чанг зад!
Ҳамин ки суруд ба охир расид, бачаҳои шоду бод ангушти худро филҳол аз кафи сармир мегирифтанд. Ва сармир
ангушти касеро ба чанг оварда натавониста, аз нав суруд
оғоз мекард. Ин дафъа – ё дафъаи сеюм, чорум... – ангушти
ягон нафар аз сабаби анг мондани ў ба чанг мезад. Ва бозигарон ҳамон нафарро, масалан, Таманноро иҳота мекарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё