Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бале, агар Ғазаби нотарс ва меҳрубонаш зинда мебуд, вай имрўз то ин дараҷа ҳақиру нотавон намегашт. Онҳо якҷоя ба сари рамаи гўсфандон, ё кадом асп ё гави раҳгумзада чун барқу бод тохта, берун аз қайди азоб...
хушдимоғ рўз мегузаронданд. Бачаҳояшон низ рўи гушнагиро надида, солим ба воя мерасиданд.
Ғазаб агар зинда мемонд, Ғазаб агар...
Вале нест акнун Ғазаб дар ин дунёи равшан.
Кушта шуд вай!
Модагург, дили ғашгирифтааш шўрида, бадард мингос зад. Сипас чашмони хоболудашро, ки ҳамчунон роғ мерафтанд, калонтар кушода, дарқаҳр сар афшонд. Замини таки пояш нам ва баданаш ҳоло ҳам тар буд. Хаёли вай боз ба сўи бачаҳояш рафт. Гуруснаанд онҳо, гурусна... Рўдаҳои худаш низ дар ёди луқмаи гарм печутоб мехўранд. Болои сўхта намакоб, пояш, пояки ҷафодидааш ин хел маҷрўҳ шуд.
Он тири сўзон ба устухонаш нарасида бошад ҳам, ронаш ҷизосзанон сўхта, сахт азоб медиҳад. Аз ин рў... давидан як тараф истад, лингаш кашола, базўр раҳ мегардад. Хайр, кори нашуданӣ шуд. Дигар чӣ илоҷ? Ҳар қадар душвор бошад ҳам, вай акнун бояд ба назди бачаҳои худ баргардад. Борон ана…
монд. Агарчи рўз аз нисф гузаштааст, офтоб низ ҳа нагуфта, яқин рух менамояд. Зудтар хестан лозим, дар ин ҷо дер хоб кардан фоида надорад.
Бале, бояд ҳар чи зудтар ба по хест.
Аммо вай дар пеши бачаҳояш бе ягон чизи хўрданӣ ба чӣ андом пайдо мешавад?..
Модагург, баъди он ки аз куҷо омадани бўи одаму оҳанро дуруст муайян карда натавониста, тозон ба пайроҳаи ду тарафаш арчазор баромад ва ногаҳон тир хўрда, қариб буд талхааш кафад... ҷонсарак рў ба нишебӣ оварда, мурданивор гурехт. Аз рони чапаш раҳораҳ хун метаровид. Пояш аввал чандон дард намекард. Бинобар ин ҷонвар, то мадор дошт, таваккал медавид. Шохаҳои сабзи арча ба пушту паҳлуяш бармехўрданд. Гоҳо панҷаҳои дасту пояш ба ин ё он санги тез расида, озор меёфтанд. Лекин вай ба пасу пешаш нигоҳ накарда, саркану покан мегурехт.

пешина
аз 551
навбатӣ