Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Баъд... рафта-рафта, узви тирхўрдааш аз итоат баромад.
Мазмун – ҷароҳаташ ҳоло хунук шуда буд. Модагург, ки акнун арчазорро қафо партофта, ба як ёнаи сербутта дохил мегардид, таққӣ истод. Ва дар атрофи худ гирд гашта, муддате ҳаворо бўй кашид. Саропо меларзид вай. Рони чапаш ҷиз-ҷиз месўхт. Дар ҳолате ки аз душманони туфангбадасташ ҳамчунон хавф мебурд, ҷонвар гарданашро ба қафо тоб дода, захмашро як-ду дақиқа лесид. Бо вуҷуди ин хун… ришта барин бошад ҳам, ронашро то банди пой тар карда, беист ва гарм метаровид.
Модагург ҷароҳаташро боз лесид; лесиду лесид ва пас гўё девона шуда, худро ба паттазор андохт. Лекин он захми сабил сахт ба дард омада, вай ҳамоно истоду мингос зад.
Даҳонашро калон кушода, як нафаси чуқур гирифт. Аз чашмони пўшидааш ашк мерехт. Шикамаш гурусна буд, – ба ҳар ҷои он гўё паёпай нештар мехалид. Бачаҳои бе падар мондааш ҳам гурусна...
Чӣ кор кунад?
Вай то ҳадди имкон вазнашро ба пойҳои сиҳаташ дода, аз нав ба роҳ даромад.
Пеш рафтан душвор буд. Сараш кам-кам чарх зада, дилаш беҳузур мешуд. Вале модагург дандон ба дандон монда, аз байни буттаҳои паст бурдбор масофа мепаймуд.
Ҷонвар бад-ин минвол буттазорро гузашта, ба як баландӣ расид. Атроф пур аз гулҳои уғану баҳман ва сабзаи навруста буд. Қурси офтоб наменамуд; ҳаво торафт вайрон шуда, бўи борон меомад.
Аз ғояти хастагӣ даҳонаш нимвозу забонаш қадре овезон, модагург аз фарқи баландӣ ба поин нигарист, ки он ҷо, тахмин дар масофаи фарёдрас, як деҳаи хурд воқеъ буд. Дар тали зумуррадгуни канори деҳа ба бараву бузғолаҳои худ чанд бузу гўсфанд мечариданд. Дуртар аз онҳо суроби ду-се бача низ менамуд, ки машғули бозӣ буданд.
Модагург дарди захмашро фаромўш кард. Даҳонаш об кушода, шикамаш сих зад. Дар вуҷуди вай нафас ба нафас чунин хоҳише пайдо мешуд, ки фавран сарозер рафта, пои маҷрўҳаш аз тан ҷудо гардад ҳам, дар як давидан худро ба он моли реза расонаду кадоме рост ояд, айнан мисли Ғазаб ба дандонҳои тезаш маҳкам аз гулў гирифта, филҳол ғалтондаву дарида, ҷиғилдонашро ба пора-пора гўшти гарм ва хунолуд пур кунад.

пешина
аз 551
навбатӣ