МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Бачаҳояш дар чӣ ҳол бошанд?
Гуруснаанд онҳо, гурусна...
Аҷаб дунёе, чӣ дунёи бераҳме!
Вай ниҳоят пайроҳаи ду бараш арчазорро, ки дар мобайни он тир хўрда буд, низ ба озор гузашта, дар ҳамон ҷаҳду ҷандала боло рафт. Ва як муддат раҳ гашта, саропо тар, аз бемадорӣ забонаш овезон, ба ҳамин шахи сиёҳ расид.
...Ковоки таки шах, ки модагург аз шохборон ва раъду барқ гурехта, дар он ҷо паноҳ бурда буд, акнун ба вай тангӣ мекард. Ҳар чи зудтар хестан лозим аз ин ғори заҳрогин. Чашми бемаҷол бачаҳояш дар роҳи вай чор...
Охир, кайҳост, ки чизе нахўрдаанд онҳо!
Модагург боз сар афшонд ва хеле ҳушёр шуда, ба захми ронаш нигарист. Пас онро лесид. Нағз, бисёр нағз – ҳоло хунаш кам меравад. Вай ҷароҳатро дубора лесид ва дар ҷадал хазида, аз ковокӣ берун шуд. Сар бардошта, дар чоки як абри тунук гирдаи офтобро дид. Ва ҳасратомез аз дил гузаронд, ки дар ин аҳвол чӣ тавр ба чашми бачаҳояш нигоҳ мекунад.
На пояш сиҳат, на ягон қути лоямут дорад барои онҳо.
Не-е, инак ба мурдан мемураду вай ҳаргиз дасти хушк намеравад!
Ба модагург як лаҳза чунин намуд, ки аз кадом баландии атроф, ё худ – кӣ медонад? – аз айни сатҳи аъло дирўза саробонаш Ғазаб ба ҷониби ў нигариста, дандонҳои тезаш то ҳадде намоён, ғамгин тамасхур мекунад. Бачаҳои маро ба чӣ ҳол андохтӣ мегўяд...
Ҷонвар сахт мингос зад ва пои маъюбаш кашола, шахи сиёҳи баландро чап додаву аз шохаҳои сабзи арча оби боронро резонда, тунду аламнок рў ба дараи дигар овард.
9 Оташ тадриҷан хомўш гардида, дар назди ў танҳо хокистари гарм боқӣ монд. Дар болои хокистар офтобаи мисини гардандароз меистод, ки соате қабл дар он об ҷўшонда, чои базира дам карда буданд.
Усмон Азиз ҷуссаашро ба хўрҷини тароқии сернақшу нигор такя дода, хаёлманд менишаст. Дар даст як чўбчаи суфта дошт ва гоҳ-гоҳ ба сари тези он дар замини хушки пеши пояш беихтиёр хат мекашид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё