МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Дуртар аз ў Қурбон менишаст.
Ғуломҳусайн онтарафтар...
Туфанги ҳар ду низ дар паҳлуяшон меистод.
Онҳо чою нон хўрда, шикамашонро сер карда, ҳоло хомўш ба қуллаҳои кўҳи муқобил ва пора-пора арчазорони тира менигаристанд.
Дар кунҷи дигари ин камари бисёр васеъ ва шамолпанаҳ се аспи оташнаъл, даҳонашон аз даҳана холӣ, нўки лаҷомҳо дар қоши зин андармон, баъзан ҳушёр сар меафрохтанд, пой мекўфтанд; гўшҳои худро сих карда, норозӣ бинӣ меафшонданд. Алхусус сиёҳмушкини Усмон Азиз хеле бетоқат буд.
Ба ҳар ҷониб тоб хўрда, зуд-зуд гарданак мезад. Чашмони сип-сиёҳ ва равшанаш дурахшида, ангор соҳиби хешро ба роҳи дароз даъват менамуд.
Аммо вай...
Ҳамчунон аз ҷой намеҷунбид. Аз он соате ки раҳораҳ тар шуда, ба мақсади то аз шасташ гаштани шохборон сарулибоси шилтаашро хушк кардан... оқибат дар таки ҳамин камар фуруд омаданд, Усмон Азиз як даҳан гап назада буд.
Ҳоло низ сукут меварзид. Агарчи чанд дақиқа пеш борон монда, осмон низ оҳиста-оҳиста равшан мешуд, имои бархостан ҳам намекард; ў дар қайди андешаи шадид буд.
Бинобар ин Қурбону Ғуломҳусайн ҳатто дар ҷои худ дуруст наёзида, даму дуд менишастанд. Табъи хўҷаин бисёр хира. Ниҳояти корашон ба чӣ меанҷомида бошад?
Усмон Азиз ҳам дар чунин хаёл буд. Вай гаштаву баргашта фикр мекард, ки барои чӣ асири пиндорҳои ботил гардида, боз ба ин диёри фалакзада омад. Шояд бовар дошт, ки Иброҳимбек охири охирон ба мақсад мерасад? Ё беақлӣ бошад ҳам, эҳтимол аз дигар ватанхоҳон пас мондан намехост? Балки обу хоки зодгоҳаш ўро ба худ кашиданд?..
Не-е!
Вай инро медонист. Ба ҳар ҳол медонист, ки чаро одамони Иброҳимбек дар Пешовар пайдо шуда, ба ў алоқа барқарор карданд; ба чӣ сабаб онҳо аз дарё гузашта, боз дар ин кишвари ҷафодида ба тохтутоз даромаданд; ва ниҳоят, аз чӣ боис худаш ҳам ба ин тараф омад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё