МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
«Бадбахт, – аз дил гузаронд Усмон Азиз. – Ман-ку дар ҳар сурат мақсад доштам, умедвор будам. Рафту имрўз марг аз гиребонам гирад ҳам, боке не – беобрў ё баобрў... дар зодгоҳам хок мешавам. Аммо ту... Бадбахт набошӣ, дар ин ҷойҳо чӣ кор дорӣ ту? Чӣ гум кардӣ дар ин кўҳу камар? Оё кас барои чанд танга дидаву дониста, худро ба гирдоб мезанад?
Шабу рўз аз паи аҷалаш мегардад?.. Эҳ-ҳ, аслан ману ту аз ҳам чӣ фарқ дорем! Ту дар ғами пулу мол, дар орзуи зану фарзанд, хонаву дар. Ман чӣ? Ман... ватангадо ман! Пас фарқи мо аз якдигар хеле ва хеле... Ту бадбахт нестӣ. Манам бадбахт – аз қазо дар ин кўҳистони азиз хок шавам, зану фарзандонам дар ғарибӣ мемонанд. Рафту ҷон ба саломат барам ҳам, рўзи сиёҳи ман сафед намегардад. Чунки якумр ёди ватан мекунам, якумр заҳри ғурбат мечашам. Лекин ту...
хушбахтӣ албатта! Зеро гадо бошӣ ҳам, дар диёри хеш гадоӣ; ақлат каме коста бошад ҳам, худатро одам ҳисоб мекунӣ, умеду орзу дорӣ...»
Усмон Азиз, дилаш дар ёди хонаводааш гум зада, балки об шуда, ноаён оҳ кашид.
Вай, охир, бештар тахмин мекард; аниқ намедонист, ки аз дасти Иброҳимбеку ҳомиёни ў, он ангилисҳои худобехабар… ягон кори сиҳат намеояд; фақат ин ки беҳуда хунрезӣ мешавад, бародаркушиву қасосгирӣ мешавад. Агар яқин медонист, ҳеҷ гоҳ худашро ба доми ин балоҳо намезад, қадамашро дониста мемонд.
Ҳоло Усмон Азиз, тамоми вуҷудаш чун дар оташ сўхта, хуб мефаҳмид, ки ба Иброҳимбек асосан пули вай лозим буд; номи баландаш зарур буд. То мардум донанд, ки Усмон Азизи нилуӣ ҳам дар сафи лашкари ислом даъвогар шуда омадааст. Рўбоҳи маккор... муфт фиреб кард ўро! Акнун ба ҳоли Усмон Азиз эҳтимол ҳамин Ғуломҳусайни чиркин низ дар таки дил механдад. Хайр, ҳолу аҳволи он пешвои ҷоҳталаб ҳам, ки дирўз ашаддитарин аспдузди водии Ҳисор буд, аз оқибати ў беҳтар нест. Балки сад бор бадтар. Чунон вазъияте дорад, ки аз диданаш хар агар хандад, буз гиря мекунад.
Ба як тўда шағоли алҳол дар ихтиёраш худро аз камаре ба камари дигар кашида, шабу рўз илоҷи воқиа меҷўяд.
Вале ку ҳамон илоҷ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё