Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Боз танҳо не, сардори як дастаи мусаллаҳ шуда, шабошаб дарёро убур кард. Ҳатто ба ҳамроҳии ҳар ду хизматгораш – Қурбон ва раҳматӣ Ҷалол қонеъ нагардида, Ғуломҳусайни дарбадару сартезро низ ба гап андохт, ки агар ба вай равад, нонаш болои равған мешавад. Дар он ҷо худо бандаам гўяду корашон барор ёбад, Усмон Азиз ба бенаво пули калон медиҳад. Ва ў бозпас ба Пешовар омада, хоҳад – зан мегирад, хоҳад – дўкон мекушояд; хулоса, ба сони одам медарояд.
Ғуломҳусайн, ки як ҷавони камбағал ва бекасу кўй буда, баъзан дар дўкон ё даргоҳи Усмон Азиз хизматеро аз қабили гилкорӣ, боркашӣ ё кундакафонӣ... ба ҷо меовард, ин таклифи ўро зуд қабул дошта, хандааш хунуки дандоннамо:
– На-ағз, зан меги-ирам, – гуфт.
– Дарёро гузашта, ҳамин ки сиҳат-саломат баргаштем, орзуят ҳатман ҷомаи амал мепўшад.
– Ко-ошкӣ...
– Қавли ман якта, додарам. Модом ки ваъда кардам, пас вафо ҳам мекунам.
– Та-ашак-кур!
– Аввал ба мақсад расем, баъд ташаккур мегўӣ... – Усмон Азиз, дар лабонаш табассум дамида, ба китфи васеи ў қаноатманд даст партофт.
Ва чанд рўз пас Ғуломҳусайн дар қариби сарҳад аз одамони ношинос аспу силоҳ гирифта, аз дунболи хўҷаинаш рустиву гургӣ дашту даман ва деҳоти зиёдеро гузашта, гоҳгоҳ ба аскарон ва калтакдорони сурх, ки аз ягон ҷониб ба сари онҳо метохтанд, ҷангкунону гурезон то ба ҳамин кўҳҳои баланд расид. Дар байни се ҳафта аз дастаи Усмон Азиз беш аз даҳ нафар шаҳид шуданд. Аммо вай ҳанўз зинда. Кӣ медонад, ки бахташ то куҷо метозад. Ва гашта рўи зодгоҳашро мебинад ё не...
Усмон Азиз аз қираи чашм ба Ғуломҳусайн нигарист. Ў ҳоло туфангашро дар миёни пойҳои дароз ва бақуввати худ ба ду даст маҳкам дошта, хаёломез ба самте чашм медўхт, ки аз он ҷо, паст бошад ҳам, садои дарё меомад. Чеҳраи гандумгунаш ҷиддӣ, китфони паҳнаш андак хам ва абрувонаш гиреҳ буданд.

пешина
аз 551
навбатӣ