Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Чунки халқ тарафдораш; чунки вай ҳам барои беҳбуди ҳаёти мардум ҷон мекоҳонад. Дирўз ба камбағалон алоқадри ҳол обу замин дод; имрўз ана, тухмӣ медиҳад, ҳатто пул қарз медиҳад. Ҳамин тавр рафтан гирад, фардо бешакку шубҳа дар саросари кишвар бунёди мустаҳкам гузошта, Усмон Азиз барин давлатмандонро ба гўри торик мефиристад. Пас оё беҳтар нест, ки ў соати маргашро интизор нашуда, ҳатталимкон худ илоҷашро ёбад?
Ба чунин андешаҳо Усмон Азиз ғалла-дона, рама-рама гўсфанд ва ҳафт сар аспи бидавашро оҳиста-оҳиста, аксар пинҳонӣ… рост ояд, ба харидорони музофот, нашавад, ба воситаи Қурбону язнааш Саидназар дар бозорҳои Деҳнаву Қаршӣ фурўхта, ба пули онҳо хеле тилло захира кард. Ва фурсати муносиб ёфта, баъзе асбобу лоқу пари хонаро ба язнааш дода – ҳарчанд гуфт, вай ба муҳоҷират розӣ нашуд, – ҳавлиро ҳам ба ихтиёри ў гузошта, дар як шаби тобистон рў ба раҳми худо кўч баст. Нағз, ки хизматгори дари хонааш, ҳамин Қурбони бекас, ба вай сидқан ҳамроҳ шуд.
Вагарна то ба Пешовар расидан ба зани касалманду се фарзандаш азоби саги дайдуро медид.
Ҳоло ана, Усмон Азиз боз дар қариби деҳаи худ, дар таки ин камари васеъ нишаста, дар даст чўбча, гоҳо ба замини хушки пеши пояш беихтиёр хат мекашад. Ва фикр мекунад, ки чаро... аз паи кадом мақсад ба ин ҷойҳо омад, акнун чӣ тарз ва ба кадом рўй дар Нилу пайдо мешавад.
Иброҳимбек, лақаи бераҳм, ўро фиреб дод; ҳатто дар охирин мулоқот низ фиреб дод. Усмон Азиз мувофиқи аҳду паймон се рўз дар Сияҳбед интизорӣ кашид. Аммо вай на тиру туфанг ва сарбозони ваъда кардаашро фиристод, на аз худаш ягон дарак ҳаст.
Инак дар куҷоҳо гашта бошад?
Чӣ нақша дорад?
Оқибати ин гарданкашиву исён чӣ ҳосил медиҳад?..
«Хайр, дар куҷое ки бошад, садқаи сарам! Бигузор ба сад бало печад!» – дар нафрат аз дил гузаронд Усмон Азиз ва ба худ суол партофт, ки майлаш, тиру туфанг нафиристод ў, сарбоз ҳам нафиристод, лекин... агар мефиристод, оё вай дар он сурат низ метавонист кори саҳар кардаашро бе ҳеҷ дуандешӣ кунад – одамонашро хона ба хона ҷавоб дода, танҳо дар мушояати Қурбон ва Ғуломҳусайн ба ин роҳи бимнок дарояд.

пешина
аз 551
навбатӣ