Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва боз...
Аслан чунин хаёл ба сари ў кай зад?
Кай?..
Яқин аз ҳамон рўзе ки дарёро гузашта, ба ду чашми ғамандудаш дид: мардум дар ватанаш дигар шудаанд! Озод гап мезананд, ба рўи кас рост менигаранд, аз ифодаи чеҳраашон маълум, ки онҳоро беақл мепиндоранд, ба ҳолашон механданд, ё ба ғазаб меоянд.
Шояд, шояд ин ҳама ҳақ аст...
Вале ў, Усмон Азиз, баъд аз фаразан тиру туфанг ва сарбоз фиристодани Иброҳимбек ҳам оё метавонист одамони дар ихтиёраш бударо ҷавоб диҳад?
Вай муддате ба андеша рафта, дар дил қатъан гуфт, ки метавонист.
Бале, метавонист!
Пас, мисле ки мор газида бошад, парида аз ҷой хесту чўбчаи дасташро ба сўе ҳаво дода, ба Қурбону Ғуломҳусайн нигарист ва:
– Рафтем! – гуфт дар шиддат.
Онҳо, ки низ ҳар кадоме гирифтори фикру хаёли худ буданд, аз ин нидои ногаҳон аввал як қад парида, баъд зуд ба по шуданд. Аспҳои қантар гўш сих карда, пойкўбон бесаранҷом гардиданд.
– Рафтем, – такроран гуфт Усмон Азиз, либосашро ба тартиб оварда.
Қурбон дарҳол ба даҳони сиёҳмушкин даҳанаи лаҷоми нуқракўбашро гузаронда, зертангу забартангашро сахттар кашиду хўрҷини хушранги туркманиро гирифта, дар хонаи зин партофт ва ба эҳтирому тавозўи доимӣ ҷонварро назди Усмон Азиз овард. Баъде ки ў чолок савори асп шуд, ҳамроҳи Ғуломҳусайн офтобаву дастархон ва дигар майда-суйдаро ба хўрҷинҳо андохта, дар даст қамчину туфангаш дар китф, худ ҳам пой ба рикоб бурд.
Ду-се дақиқа пас онҳо паноҳгоҳашонро қафо гузошта, ба як ёнаи серарча баромаданд ва муддате асп ронда, ниҳоят дохили ҳамон пайроҳа гардиданд, ки аз сабаби шохборон тарк карда, ноилоҷ рў ба сўи камар ниҳода буданд.

пешина
аз 551
навбатӣ