Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Усмон Азиз, тамоми вуҷудаш гўё оташ гирифта, аз нав чашм кушод ва худи ҳамон лаҳза ба сари мижаҳояш ашк давид. Пас дар пеши назари ў авуле ҳозир шуд, ки Барвеш ном дошта, дар як ҳамвории пошнаи талҳои қатор воқеъ буд.
Усмон Азиз:
– Оҳ-ҳ! – гуфт моломоли дард.
Ва ба ёд овард, ки он воқиа дар ҳамин гуна рўзи баҳорон рух дод. Рама нав аз чаро баргашта, атроф пур аз маоси мешу бараҳои ширмак мегардид. Дар оташдонҳо алав даргирифта, бўи дуди ҳезуми арча диловез меомад. Сагҳои калон-калони гўшу думашон бурида, ки ин бегоҳ низ ҳамроҳи чўпонҳо рамаро беосеб ба авул расонда буданд, акнун, пас аз хизмати бардавоми рўзона, ҳар ҷо-ҳар ҷо лоқайд дароз кашида, ба чашмони нимпўш ором мегирифтанд. Аҳли авул ҳама машғули кори худ буданд. Мардҳо пеши гўсфандонро гирду ғун карда, ба ғавшоди – қутани – гирдогирдаш сангдевор меронданд. Занҳо бемалол шир медўшиданд, гуппӣ мезаданд, хўрок мепухтанд. Бачаҳо ба падару модарони хеш ёрдам медоданд – кадуҳои пур аз ширро ба каппаҳо мекашонданд, бараҳои бетоқатро қатор-қатор куган мебастанд, дар назди оташдонҳо даста-даста ҳезум бурда мепартофтанд… ё хушу хурсанд бозӣ мекарданд.
Усмон Азиз ҳам, ки он вақт тахмин шаш-ҳафт сол дошт ва раҳматӣ падараш ўро савори асп нахустин маротиба ба дидори авул оварда буд, ба ду-се ҳамтири худ дар паҳлуи кадом як каппа буҷул меандохт.
Дар фазои авул аз маоси гўсфанд то гулўафшонии мард, хандаи беғаши бача, ё кўдакашро ҷеғ задани зане... садоҳои мухталиф паҳн мешуданд. Ҳамчунин бўи ширу қаймоқ, омехта ба боди баҳори фараҳнок... накҳати гулу гиёҳ ва рутубати барфҳои кўҳи Ҳафтсар меомад.
Баъд ногаҳон авул хомўш гардид. Ба дараҷае хомўш гардид, ки гўё бод ҳам дигар намевазид. Усмон, дар даст чанд буҷул, намедонад аз ин сукунати вазнин тарсида, ё худ ҳайрон шуда, аввал гаранг ба он бачаҳои пойлуч нигарист, ки то алҳол ҳамроҳаш бозӣ мекарданд. Аммо... дар чашму рўи онҳо асари тарсу ваҳмро дида, сипас ба атроф назар давонд – чӣ гап бошад?..

пешина
аз 551
навбатӣ