Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Падараш наменамуд. Сагҳои гургафкан ҳама гўё нақши замин гардида, синамол худро дар паноҳи девори ғавшод мегирифтанд. Гўсфандону бараҳо ба якдигар ҷафс шуда, дирдир меларзиданд. Чўпонҳо дар илоҷи кадом як воқиаи бад яқин нотавон монда, чун ҳайратзадагон рост меистоданд.
Занону духтарони ширдўшу хўрокпаз дар ҷо-ҷои худ нишаста, даст ба даҳон бурда буданд. Бачаҳои ёригар низ, нафас дар гулўяшон печида, қадам бардошта наметавонистанд. Ва ҳама – дар тассавури Усмони хурдсол ҳатто санг, полони хар, каппаву дегҳои пур аз шир... ҳама ба як сў менигаристанд; ба сўи талҳои қатор, ки авули Барвеш дар поин, каме дуртар аз онҳо воқеъ гардида буд.
Усмон низ беихтиёр ба ҳамон тараф чашм гумошт. Нигоҳи вай падарашро меҷуст: куҷост ў, чӣ воқиа рўй дод? Лекин ба ҷои падар ду ҷондори барояш ношиносро дид; ду ҷондори яке хурду дигаре бузург. Онҳо дар ёлаи тали сабз қариб ба ҳам часпида, паҳлу ба паҳлу меистоданд ва мағрур сар афрохта, авулу авулакиҳоро зери назар мегирифтанд. Рангашон ала буд. Аниқтараш, дар бадани зарди муҷаллои худ хатҳои дароз-дарози хокистарӣ, балки сиёҳ доштанд. Аз ҷой намеҷунбиданд. Нигоҳашон вазнин, сер ва фориғбол...
Усмон Азиз ҳоло намедонад, ки он ду ҷонвар чанд лаҳза ҳамон тавр истоданд – се дақиқа, чор дақиқа, ё камтар... Ҳар қадар бошад, бузургворона ва дар айни замон ҳайбатнок буд нигоҳашон! Чунин менамуд, ки тамоми авул чӣ чора карданро надониста, нафас ба нафас дар худ фурў меравад.
Усмон ваҳмидаву ларзида, хост фиғон бардорад. Вале натавонист, мадораш нарасид – гўё сукунати атроф санги гарон шуда, овози ўро дар вуҷудаш пахш мекард.
Ниҳоят ҷондорҳо, шояд оча-бача... чӣ тарзе ки ба ғурур истода буданд, ҳамон тарз тоб хўрда, оҳиста қафо гаштанд.
Пўсти раҳ-раҳ зарду сиёҳи онҳо аз охирин анвори қурси офтоб, ки ба фарози қуллаҳои баланди кўҳи Ҳафтсар расида, инак майли ғуруб дошт, дар муҳити талҳои сабзу осмони нилобӣ зарандуд метофт. Баъд...
Ҷонварҳо дар пушти ёла нопадид гардиданд.
Ва авул аз нав фараҳ гирифт.

пешина
аз 551
навбатӣ