МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Чанд нафар бошанд?
Қурбону Ғуломҳусайн ҳам ба поини дара, ба сар то сари роҳи лаби Кофрун чашм давонда, аз ҷои исташон хеле дур шабаҳи чанд аспакиро диданд, ки эҳтимол аз ҷониби Дизак меомаданд.
– Як, ду... – гардан ёзонда, овоз баровард Қурбон ва пас аз каме афзуд: – Панҷ... дақиқ панҷ кас!
– Кӣ бо-оша-анд? – ғурунгид Ғуломҳусайн.
– Дар ҳар ҳолат дўстони мо не, – гуфт Усмон Азиз, бадтар ҷигот андохта. – Агар ошно мебуданд, ҳамагӣ панҷ нафар шуда, аз Дизак гузашта намеомаданд, метарсиданд.
– Рост, – тахмини хоҷаашро фавран ҳақиқат донист Қурбон. – Оҳугузар то ин ҷо деҳу деҳкадаи бисёр дорад. Раҳаш серодам.
– Барои ҳамин... – гуфт Усмон Азиз маънидор, вале давоми гапашро ба забон наовард.
Мағзи ў тез кор мекард. Вай яқин донист, ки онҳо рақибанд. Шояд ихтиёриҳо бошанд. Чӣ фарқ дорад? Аскари сурх, ихтиёрӣ, калтакбадаст... Ҳар кӣ бошанд, одамони ҳукумати шўро! Соҳибони комилҳуқуқи ин диёр! Ба таъқиби Усмон Азиз ва бандаҳои мисли ў саргардон баромадаанд. Чун дар ҳама ҷо... Пас ҳоло чӣ кор кунад? Ё ба онҳо рўбарў шуда – бигузор душвор бошад, мардонавор ғолиб омадан лозим, ё гурехтан. Агар не... вай ҳеҷ гоҳ ба зиёрати қабри падару модараш расида наметавонад!
– Барои ҳамин, – гуфт Усмон Азиз, баъд аз ду-се дақиқа сухани қатъгардидаи худро давом дода, – онҳо набояд зинда монанд. – Ва ба ҳамроҳонаш, бештар ба Ғуломҳусайн нигарист. Тез, бераҳм ва такдор буд нигоҳаш. – Дар акси ҳол ҷои ҳар кадоми мо се газ замин. Се газ... ба шарте ки насиб кунад, агар гўронанд. На зан, на фарзанд...
Аз ин изҳори вай Ғуломҳусайн, ранги рўяш қадре канда, дар болои зин як ҷунбид. Ба назари Усмон Азиз ў ҳатто дандон фишурд; аспаш ҳам филҳол бетоқат шуд. Албатта... зиндагӣ мехоҳад вай. Ба пули ваъдагии Усмон Азиз хонаву дар сохта, ниҳоят зан гирифтан мехоҳад; тавонад, дўкон ҳам кушоданӣ. Аз ин рў ба ҳар хунрезӣ тайёр аст. Ба тамоми вуҷудаш мекўшад, ки агар лозим бошад, ҳамаро кушаду худ зинда монад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё