МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Лекин ҷасур аст лаънатӣ, аз бало наметарсад, бақувват, гавзўр... думи филро меканад. Аммо ғаданг, камбағал, қашшоқ... Нодорӣ ҳам касро ба ҳар кўй меандохтааст.
Овораву сарзада мекардааст.
Баъд Усмон Азиз ба сўи Қурбон назар давонд: вай чун ҳамеша ором буд, балки хоболуд менамуд. Дар китф туфанги ёздаҳтираву дар панҷааш ҳалқаи лаҷом, бе ягон парво ба нишеби дара менигарист.
«Инаш, хайр, хизматгори худам, ғулом барин... Ба вай ҳеҷ чиз лозим нест. Ҳатто агар дунёро об барад, мижааш хам намехўрад. Гўё аз имрўзу фардои зиндагӣ зарраи умед надорад. Кор фармоед, даму дуд иҷро мекунад, нафармоед – не. Ҳамин гуна як махлуқи бидеҳ ки хўрам, бизан ки мурам.
Шикамаш серу танаш бутун бошад, кифоя. Падараш ҳам айнан мисли худаш буд. Аз хари осиё зиёдтар кор мекарду ҳаққи ҳалолашро рўёнда наметавонист. Тамоми умрашро дар як кулбаи фатарот гузаронд...»
Усмон Азиз заҳрханд кард. Сипас ба савороне ки ҳамвора наздик меомаданд, боз каме чашм дўхта, қатъӣ гуфт:
– Дигар илоҷ нест. Агар имрўз ба онҳо ҷанг накунем, фардо ҳатман дар доми алоиқ меафтем, ё кушта мешавем.
– Не-е, ме-епаро-онам, аз ҳа-амин ҷо ме-еандо-заам!
Ҳама-аш-шро... – ба чеҳраи тирааш филфавр сурхӣ дамида, гуфт Ғуломҳусайн, ки дар як ҳаракати тунд мехост камонашро аз китф канад.
– Сабр кун! – фармон дод Усмон Азиз. – Аввал онҳоро аз раҳ берун кашидан лозим. Дар миёни ин дараи кушод намешавад.
– Рост, илоҷи барсавоб, – гуфт Қурбон. – Хонасўхтаҳоро ба фиреб то ягон ҷои хилват бурдан даркор. Набошад, дар қади дара мурдаашон мемонаду... асли ҳодисаро фаҳмида, дигарон моро пай мегиранд.
– Ту ҳам дуруст-ку, – сар то пои ўро аз назар гузаронда, ба лабханди андак аён гуфт Усмон Азиз. – Метарсӣ? Ҷонат ширинӣ мекунад?
– Ҷони ҳама ширин...
Усмон Азиз сухани Қурбонро гўё нашунид ва чунон ки ба як қарор меомада бошад, даме ба сукут рафта, пурсид:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё