МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Шарт нест, ки мо онҳоро саросар паронда, ба гўри торик андозем, – дасти ўро фишурда, ба оҳанги таъкид гуфт Амонов. – Чунки дар байни он дарандаҳои хомхаёл камбағалоне ҳастанд, ки фирефта шуда, раҳгум зада, оқибат бехонумон гардида, имрўз чӣ кор карданро намедонанд.
– Рост...
– Ман бовар дорам, ки маҳз ҳамонҳо ба деҳу манзили худ баргашта, осуда умр ба сар бурдан мехоҳанд. Аммо метарсанд; метарсанд, ки ҳукумати шўро душман гуфта, онҳоро ба қатл мерасонад, ё ба ҳабс мегирад, ё ками камаш... ба муддати даҳ-дувоздаҳ сол ба ҷойҳои носоз бадарға мекунад.
Саронашон аз дари ҳамин тартиб афсонаҳо ба тарафи худ кашидаанд он берўзиҳоро! Бинобар ин ҷояш ояд, аввал чӣ будани ҳукумати коргару деҳқонро ба онҳо дуруст фаҳмонед; фаҳмонед, ки мо барои чӣ ин қадар қурбониҳо дода, инқилоб кардем.
– Ҳатман, то метавонем...
– Агар нафаҳманду дар қасди ҷонатон бошанд... аз худ домангир шаванд. Шумо ҳам дил доред, ҳис доред, тиру туфанг доред. – Амонов дасти Анварро боз як бор фишурда, ўро то пеши дар гусел кард. – Роҳат сафед! Ба воситаи одамони дилпур аз аҳволат ба мо хабар расонда ист... Кўшиш кун, ки пагоҳӣ зудтар ба роҳ дароед. Вақт ғанимат!
Ҳангоме Анвар дарро кушода, аз кабинети котиби райком ба долон мебаромад:
– Ман шуморо дар идораи милиса интизор мешавам, – гуфт аз қафо Каримов.
– Хуб, – ба сўи вай андак тоб хўрда, ҷавоб гардонд Анвар ва дарро пўшида, аз долони нимторик, ки дар тоқчааш фонус даргиронда буданд, бо қадамҳои устувор ба саҳни ҳавлӣ баромад.
Асп ўро дидан замон ёл афшонда, як шиҳа кашид. Паст, вале башиква буд шиҳаи ҷиран! Шаб торик бошад ҳам, ба Анвар лаҳзае чунин намуд, ки дар пешонии ҷонвар танга барин гули ситора дурахшид.
Асп боз, ин дафъа баландтар шиҳа кашид.
«Маълум, ки тар шудааст қашқаи ман, ҷирани ман...» – аз дил гузаронд Анвар ва дар шитоб назди он рафта, сарашро сила кард; аз сафедии пешониаш оҳиста бўсид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё