Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Кафи дасту лабони худаш ҳам якбора тар шуданд.
Борон монда буд. Аз ҳама ҷо – аз замин, аз осмон, аз долу дарахт, аз раҳу пайроҳа ва ҳатто аз мағз-мағзи торикӣ бўи баҳори кўҳистон меомад.
Асп акнун ором гирифта, маҳин пой мекўфт. Бо вуҷуди ин аз зери сумаш, каме бошад ҳам, лой чарахса мекард.
Равшан буд, ки рўи осмон тадриҷан аз абрҳо кушода мешавад: аз ин канору он канораш гоҳо ситорае тофта, нури сарди худро ба замин мефиристод. Вале дар шимолу ғарб, дар фарози кўҳи Чилчароғ, паиҳам шўълаи барқ ҷаҳида, хурўши пасти раъд ба гўш мерасид. Гўё аз қабати абрҳои он қитъа аспи тезтаке тозон мегузашт. Ва аз дави ҳамон аспи болдори афсонавӣ ва дурахши қамчини тиллоии савораш деве аз хоб бедор шуда, ба ғур-ғур паҳлу мегашт. Балки ҳамёза мекашид…
Ба фарқи кўҳи Чилчароғ боз шўълаи барқ дамид, аз паси он садои раъд омад. Ва дар осмон, дар болои сари Анвару аспаш, боз як ситора шукуфт.
Ҷиран ёл афшонда, ҳамчунон оҳиста сум мезад. Анвар, дар дасташ ҳалқаи лаҷом, беҳаракат меистод. Вай фикр мекард, ки нахуст ба хонаи кӣ равад. Ба хонаи Мурод ё Саид?
«Аввал рафта Муродро бедор мекунам», – гуфт ў ниҳоят дар дил ва аз қоши зин гирифта, пой ба рикоб бурд.

2
Усмон Азиз, дар китфаш ҷомаи бахмали сабз – беастар
ва шерозадор буд ҷома, – дар сараш саллаи кабуди пешоварӣ, дуртар аз арчаи садсолае ба рўи зину зинпўши зебо
нишаста, дар ҳасрат ба дара менигарист, ки он тахмин як
санг тўл кашида ва торафт кушода шуда, ба водии Гардон
мерасид. Даҳ қадам поинтар аспи сиёҳи миёнаш дароз ва борикпой гўшҳояшро сих карда, ба боло, ба қуллаҳои барфпўши кўҳи Чилчароғ чашм медўхт. Дар таки ҷул ва ҳалқаи
расан меистод вай. Ёли ҷилодораш андак равшани моил ба
ҷигарӣ буд; гоҳо сар афшонда, дар гирди гулмех қариб тозон чарх мезад. Аммо фурсате нагузашта, боз дар ҷояш қарор
мегирифт. Ва гардан афрохта, гўё дафъатан ба боло, ба қуллаҳои нўктез нигоҳ мекард.

пешина
аз 551
навбатӣ