МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Вале хавф бурд; хавф бурд, ки ба ин кораш яқин зарар меораду фоида не.
Акнун ҳеҷ наметарсид вай. Ҳушу ёдаш танҳо ба Анвар банд буд, боз ба Каромати муаллим...
Аммо чӣ илоҷ ёбад?
Чӣ тавр ба онҳо мадад расонад?
Вай ба дарвозаи калон, дутабақа ва қуббадори Усмон Азиз як-ду дақиқа дар нафрат нигоҳ карда истоду тез-тез қадам монда, аз деҳа берун шуд.
Офтоб кам-кам гармӣ мебахшид. Лекин аз ҷониби кўҳи Ҳафтсар боди барутубат вазида, бўи барфро меовард.
Таманно, ки таки як куртаи суф буд, хунук мехўрд. Анварро дар байни он туфангбадастон хору зор дида, камзўлашро ҳам напўшида, саросема ба кўча тохт. Хайр, ҳеҷ қисса не, раҳ гашта-раҳ гашта, гарм мешавад. Ҳолиё аз ҳама муҳиммаш – ба Пойгаҳҷо расида, акаи Юнусро аз воқиа бохабар кардан. Дам нагирифта равад, камобеш дар се соат мерасад. Он тарафаш осон, ба раис меояд-ку...
Вай аз паҳлуи теппаҳои пасту баланд, ки ҳама сабзпўш буданд, ба таъҷил масофа мепаймуд. Офтоби тобону олами равшан, алафҳои дар нумув ва каб-кабуд, гулҳои рангоранги қади пайроҳа ва парвози шабпаракҳо дигар ба ҳоли ў асаре надоштанд. Ҳамчунон мағмум, дилаш ноором ва дар изтироб буд Таманно. Вай хеле раҳ гашта, чандин пастиву баландиро пушти сар карда, ниҳоят пай бурд, ки кафшаш халал мерасонад. Аз ин рў пойлуч шуда, онро ба даст гирифту ҳалқаш ки акнун хушк мегардид, аз як ҷўйчаи пешомада дусе каф оби лой нўшида, гузарашро боз идома дод.
Хаёли ў ба сад кўча сар мехалонд. Аз куҷо расид ин бало?
Анвар ба чанголи онҳо чӣ хел афтид? Усмон Азиз чӣ мақсад дорад? Барои чӣ Анвару Кароматро дар оғил қуфл задааст?..
Эҳ, худоҷон, худо, Таманно чӣ кор кунад? Аз дасти вай чӣ меояд? Фақат метозад; ин тараф метозад, он тараф метозад...
Бечора модараш духтарам куҷо рафт гуфта, дар он ҳавлича ҳоло як худаш хун хўрда шиштагист. Бемор аст ў. Азбаски баҳор омадан баробар дардаш авҷ гирифта, нафасаш зудзуд мепечад, раис Таманноро аз кори калхоз озод карда, то беҳбуд ёфтанаш дар пеши модарат мон гуфта буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё