Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Охир, кумитаи партиявии ноҳия ба Анвар эътимод дошт.
Худи котиби он Мирзовалӣ Амонов ба ақлу тамизи ў, ба ғайрату ҷасорати ў бовар карда, ҳангоми сўҳбаташ роҳу равиш нишон дода, пас «дараи Оҳугузар то деҳаи Нилу дар ихтиёри шумо», – гуфта буд. Боз гуфта буд, ки «ту он ҷойҳоро хуб медонӣ. Нилу зодгоҳат...» Вале дирўз маълум шуд, ки Анвар ягон чизро намедонистааст, ноўҳдабаро будааст, беақл будааст. Метавонистаанд ўро аз дари макр осон ба доми зиллат андозанд. Вагарна аз дафъатан гурехтани Усмон Азизу шариконаш фиреб хўрда, бача барин шоду бод гардида, «таваккал нару андеша мода», – гўён... онҳоро филҳол пай намегирифт; дар сурате ки душман силоҳи хубу мавқеи созгор дошт, якҷоя ба дўстонаш дар муқобили вай оташ намекушод; ниҳоят илоҷе ёфта, зинҳор намегузошт, ки Мурод ва дигарон баногаҳ ин дунёи равшанро тарк кунанду Усмон Азиз дастболо шавад.
Анвар, дар гўшаш садои нохуши тундару шар-шари борон, ба торикии оғил менигарист. Ва дар пеши назари ў симои рафиқони ҷавонмаргаш ба навбат зинда мегардиданд.
Чӣ марди тандеҳ буд Мурод! Саид ҳам дили соф дошт, як инсони ба ҳаққи худ розӣ буд. Ҳасану Санҷар чӣ? Онҳо низ одамони нағз буданд. Касеро беҳуда озор намедоданд. Ҷуфт ронда, кишт карда, ҳосил ғундошта, аз хоки замини рўзирасон ба аҳли оилаи хеш хўроку пўшок меёфтанд; чашму дилашон ҳамеша сер буд. Ба мулк ободӣ ва ба халқ оромиву осудагӣ мехостанд. Бинобар ин дар даст боз силоҳ гирифта, аз паи босмачиҳо буданд. Аммо ба мақсад нарасида, аз он лаънатиҳо ягонтаашро ба ҷаҳаннам нафиристода, худ барҳадар нобуд шуданд, ҳайф шуданд.
Бале, нестанд онҳо дигар дар рўи замин! Ва ба ин қабл аз ҳама Анвар гунаҳкор аст, танҳо Анвар...
Вай пои захминашро, ки зириқ-зириқ дард мекард, қадре пеш кашида, ба девор дурусттар такя овард. Банди дасти росташ низ месўхт ва ҳатто, тир ба устухон нарасида бошад ҳам, мисли пояш варам дошт.
«Хатои ман чӣ буд? Чаро дўстонам кушта шуданд? Барои чӣ инҳо... акаи Юнусу Каромат ҳам дар остонаи марганд?»

пешина
аз 551
навбатӣ