Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Чунин менамуд, ки дар чашмони ҳайрон ва мисли чоҳ амиқаш ҳоло ашк давидааст.
Шояд рўзҳои гузаштаро ба ёд меовард ҷонвар; он айёмеро ба хотир меовард, ки дар байни галаи худ озод ва беғам буд; дар зери офтоби гарму осмони кабуд, дар водии сабзи беҳудуд гирди як тойчаи хушсурат парвона мешуд... Акнун куҷост он дўсти бодпояш? Дар водиҳо набуд, надидаш дар водиҳо! Эҳтимол дар ҳамон кўҳ бошад. Шояд ин дам сарсари ана он қуллаҳои баланд, чун дар хобаш, тиросо парвоз карда гузарад... Гала чӣ? Нест имрўз он галаи хурўшон, ки хирмани бузурги оташи сўзонро мемонд! Ба сони бод аз як ҷой ба ҷои дигар кўчида, оламро пур аз сурур мекард; дар пеши чашмони ҳанўз ғамнадидаи вай дунёи тоза ба тоза мекушод...
Усмон Азиз оҳ кашида, нигоҳашро ба сиёҳмушкин пайваст. Асп, ки аз болои сари ў ҳамон ба фарози кўҳ назар медўхт, вазнин бинӣ афшонда, гирдогирди гулмех боз ба гардиш омад.
«Ту ҳам мисли ман овораӣ, – аз сиёҳмушкин чашм наканда, ба ҳасрат гуфт Усмон Азиз. – Дилат паноҳ мехоҳад; соботу охури баланд мехоҳад, ҷав мехоҳад. Чунки деҳ ба деҳу дара ба дара гашта, дар зери рони ин савори сиёҳбахтат хаста шудаӣ. Аммо ку ҳамон паноҳ, куҷост он манзил?
Нест... ва намешавад. Дар ин диёр ману ту ғарибем, овораву бехонумонем. Бале, бехонумон!»
Дафъаи чандум буд, ки асп боз дар ҷояш қарор гирифт.
Баъд ба пои пешаш хоки серрутубату сангрезаҳоро пош дода, сахт шиҳа кашид. Усмон Азиз бархоста, даст ба пушт, оҳиста-оҳиста ба тарафи хаймаи сабзтоб ва сабуки ангилисӣ рафт, ки болотар, дар байни арчаҳои баланд воқеъ буд. Аз поин, аз гирду пеши хаймаи дуюм, ба шиҳаи дардноки сиёҳмушкин... паст ва кадоме ба дили нохоҳам бошад ҳам, аспҳои дигар паёпай ҷавоб гардонданд. Онҳо низ дар таки ҷул ва асири ресмон буданд; ба сабзаи наврустаи атрофи мехҳояшон коҳилона даҳон мебурданд.
Дар назди хайма гулхане фурўзон буд, ки ба вай як марди чорпаҳлу, аз болои ҷомаи ғафсаш қаторвазна кашида, ҳар замон шоху шаббаи хушк мепартофт. Тахмин чилсола ва тирарўй буд мард; аз чашмони мешии карахташ чизе хонда намешуд, гўё нур надоштанд онҳо.

пешина
аз 551
навбатӣ