МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Наход ҳамин хел мурда равем? – пурсид Анвар, тоқаташ тоқ шуда.
– …
– О гап занед, язна! Гап занед, ки сарам метаркад.
– Мард бош, додарам.
– То кай?
– Ҳоло дар пушти дар кӣ посбони мо? – ба ҷои ҷавоб гардондан пурсид Юнус. – Қурбон ё он барзангӣ?
– Намедонам.
– Қурбон, – фаҳмонд аз кунҷи худ Каромат. – Нав ғибирғибираш омада буд. Ту рав, як-ду соат дам гир... мегуфт ба шарикаш.
– Ха-айр... – мад кашид Юнус.
Баъд дар оғил сукунати гарон ҳукмфармо гардид. Аз берун фақат шаросзанон рехтани борон шунида мешуд. Ба димоғи Анвар ҳамчунон бўи рутубат ва хаси пўсидаву поруи кўҳна расида, дилашро беҳузур мекард. Чаро хомўш аст Юнус, вай чӣ андеша дорад? Барои чӣ Қурбонро пурсиду дигар ҳарфе ба забон намеорад?
– Ака! – гуфт ў такроран, ки хаёлаш ба сад кўча сар халонда, ҳеҷ василаи наҷот намедид.
– Бале...
– Чӣ кор кунем?
– Ҳоло ягона илоҷамон… агар шавад, Қурбонро ба гап даровардан.
– Аз дасти он гаранг чӣ меояд?
– Шояд ёрӣ диҳад. Дар вақташ одами бад набуд. Вай ҳам ману ту барин азоби камбағалӣ мекашид.
– Ба нафаре умед мебандед, ки ҳатто қадру қимати худашро намедонад, – заҳрханд кард Анвар.
– Ку аввал як озмуда бинем....
– Вай ба мо чӣ ёрӣ дода метавонад?
– Масалан, нохост дар пушти дар хобаш барад, ё худашро нодида гирад.. Чӣ, магар бад аст?
– Бад не, аммо чашмам намерасад, ки ўро ба гап андохтан мумкин бошад, – гуфт Анвар, аз мақсади язнааш пай бурда. – Саги тозӣ аст ў дар рикоби Усмон Азиз. Аз хати кашидаи хоҷааш як қадам берун намеравад; мур гўяд, мемурад лаънатӣ, зӣ гўяд, мезияд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё