Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Анвар ва Каромат, ки то ҳол дам ба дарун гирифта, ба гуфтугўи Юнусу Қурбон умедвор гўш дода менишастанд, аз он нури шамшервор бурандаву аз ин гулдуроси даҳшатнок як қад парида, дар ҷои худ беихтиёр ғун шуданд.
Юнус ҳам ба ғафлат тарсид.
Фурсате нагузашта, боз барқ ҷаҳид. Боз оғил равшан гардида, раъд ғурид. Вале аз шасташ маълум буд, ки тундар акнун ба поини деҳа мекўчад.
Сипас борони ҳамал, ки муддате қабл андак суст мушуд, аз нав қувват гирифт. Донаҳои вазнини он ба рўи бом пуршиддат бархўрда, намаш аз кадом ковокиҳо гузашта, ҷо-ҷо ба фарши мағорбаста мечакид. Бўи нохуши хасу поруи пўсида аз таъсири рутубат бештар боло зада, роҳи нафасро мебаст. Ва ҳавои оғил торафт ғализ мегардид.
– Таки ин осмон сўрох шудагӣ барин, – овоз баровард Анвар, як оҳ кашидаву пои маҷрўҳашро каме молида.
– Осмон... – гуфт андешаманд Каромат ва дақиқае хомўш монда, илова намуд: – Хаёлам, ки вай талх мегиряд; ба ҳоли зори мо мегиряд.
– Бисёр ғам нахўр, дўстам. То реша дар об бошад, умеди самар ҳаст...
– Аз афти кор маълум, ки решаи маро ҳамин саҳар якбора аз об канданд.
– Танҳо ту дар ин аҳвол не-ку...
– Дуруст. Лекин ман он қадар дар ғами худ нестам. Ошиқ нашудаам, ки аз марги ишқ мотам гирам. Зану фарзанд надорам, ки бе ман чӣ гуна рўз мегузаронанд гуфта, хуни ҷигар хўрам... Ба шумо душвор. Акаи Юнус соҳиби зану фарзанд, ту ошиқ... Ман чӣ? Ман... фақат модарамро фикр мекунам, боз шогирдонамро... Бачаҳои хубанд, ба ман хуш меҳр баста буданд. Ман ҳам шавқу ҳаваси онҳоро дўст медоштам.
– Тавре гап мезанӣ, ки ба гарданат корд мондаанду дигар илоҷи халосӣ нест.
– Эҳ, Анвар, Анвар! Дилам чунон месўзад... Пагоҳ модари бечораи ман бе писараш чӣ кор мекунад?! Сари танҳояшро ба кадом девор мекўбад?! Ҳама умеди зиндагиаш мани бадбахт будам.

пешина
аз 551
навбатӣ