МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Кошкӣ... кошкӣ ҳамин тавр мебуду то саҳар меомад.
– Дар ҳар сурат ғам нахўр, додарам. Далер бош.
– Алам мекунад, язна; алам мекунад, ки онҳо хуни бисёр рехта, боз беҷазо мемонанд.
– Не, ҷазояшонро мебинанд. Дар ин хокдони аблақӣ ягон бадкирдор беҷазо намондааст. Дер бошад ҳам, рўзе мерасад, ки мо чӣ кор карда будем гуфта, сад бор пушти даст мегазанд.
– Эҳтимол, – гуфт Анвар.
Ва аз нав хомўшӣ ба миён омад.
Даруни оғил зулмот буд.
Анвар бетоқат мешуд. Якзайл аз шифт гузашта, чак-чак ба фарш бархўрдани оби борон ба торҳои асабаш чанг андохта, ўро лаҳза ба лаҳза дилтанг мекард. Ба чӣ андешаҳое ки мерафт! Ва барои ҳодисаи дирўзу имрўз худашро, танҳо худашро гунаҳкор меҳисобид; асли худро бад медид. Гаштаву баргашта «бачаӣ ту, бача, – мегуфт хаёлан, – бачаи беақлӣ...» Аммо дарду аламаш ба ин ҳама тамом намешуд.
Дарун-дарун печутоб мехўрд Анвар. Аз эҳсоси ноилоҷӣ чашмонаш об гирифта, симои каме ғамгини модари меҳрубонашро пайваста пеши назар меовард; рўю мўи зебо ва хандаҳои беғаши Таманноро дар худ тасаввур намуда, «куҷост вай ин дам, чӣ ҳол дорад?» – мегуфт дар дили вайрон ва ба саропояш як раъшаи ҷонкоҳ давида, намедонист чӣ кор кунад, аз куҷо, ниҳоят... аз кӣ мадад ҷўяд.
Ғайр аз ин Анвар тафсилоти марги дўстонашро низ ба хуни ҷигар дар ёд оварда, сидқан афсўс мехўрд, ки барои чӣ кушта нашуд вай, чаро ба мисли онҳо дар ҳамон авулгоҳи хилват хоки тарро ба оғўш гирифта, аз чунин зиллат, аз ин тариқ шармандагӣ раҳо наёфт.
Баъд Анвар, то ки як-ду соат хоб карда, аз доми андешаҳои гарон берун равад, дар палтои чармини худ печида, сар ба девори сард монд. Вале хаёлаш беихтиёр ба он айёме пайваст, ки дар мактаби партиявии Самарқанд мехонд.
Камбағал буд; нимгуруснаву нимбараҳна мегашт. Яке аз муаллимонаш, марди тахмин чилсолаи газгўшт, ки Шафқат Рамазонов ном дошт, ҳангоми дарс ба вай ҷиддӣ ва дар айни замон ба меҳри падарона менигарист.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо