МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Чеҳраи зардинаву чашмони кабуди ў аҷаб гарм метофтанд. Боре муаллим, ки ба онҳо таърихи ҳизби каммунистиро меомўхт, Анварро маҷбур ба хонааш бурда, ҳамин палтои чармини астараш гарм, лекин оҳараш паридаро ба вай дароз карда, гуфта буд:
– Шарм надор, гир! Ин рўзҳо ҳам мегузаранд, ҳатто фаромўш мешаванд.
Ва ҳоло ана, хаёлаш, ки Анвар овози муаллимро баръало шунида, ҳар як хати чеҳраашро равшан мебинад; мебинад, ки ў чӣ гуна наздиктар омада, чӣ тавр палторо худаш оҳиста ба китфи шогирди камбағалаш мепартояд. Пас каме ба сукут рафта ва мўйсари кўтоҳ қайчизадаи хурмоиашро аз боло ба поин сила карда, боз мегўяд:
– Фақат ин ки нағз хон. Зеҳни тез дорӣ ту. Агар ба гапам гўш диҳӣ, ҳатман ба мақсад мерасӣ.
Баъд механдад. Чашмони ба ранги осмони беғубор кабуд ва банураш танг мешаванд.
– Акнун бишин, – нарм таклиф мекунад ў, – чой менўшем. – Ва кафҳои фарохашро хушҳол ба ҳам совида, пеши миз мераваду ба дари кушодаи ошхона нигариста, баландтар овоз мебарорад: – Ҳой, Амина, ба мо чои гарм бидеҳ!
Қандчой!
Амина – ҳамсараш. Дар китобхонаи мактаби партиявӣ кор мекунад Амина Рамазонова. Вай ҳам ба монанди муаллим аз тоторҳои Қазон буда, ба тоҷикӣ озод ҳарф мезанад.
– Мо ин забони шарифро дар Бухоро омўхтаем, – гуфта буд як дафъа муаллим. – Бинед, ки имрўз чӣ хел кор медиҳад. Ҳазл не, забони Фирдавсӣ аст ин забон!
Амина-апа чой оварда, ба Анвар табассум мекунад. Ва Анвар, аз мавҷи табассуми ў шармаш андак шикаста, палторо дар кунҷи хона ба пуштаки курсӣ мемонаду омада, аз рўбарўи муаллим оҳиста дар бари миз менишинад. Чиллаи зимистон – дар берун барф меборад, боди сард он зарраҳои сафедро тунд печутоб медиҳад. Хонан муаллим гарму бароҳат аст. Чой ҳам гарм, ширин...
Анвар пилки чашмонашро, ки торафт вазнин мешуд, фурсате дар торикӣ молида, ба азоб фикр кард, ки муаллими азизаш Шафқат Рамазонов «агар ба гапам гўш диҳӣ, ҳатман ба мақсад мерасӣ», – гуфта буд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо