МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Рав, Ғуломҳусайнро ҷеғ зан.
– Хуб, ҳозир… – гуфт Қурбон.
Вай акнун тоб хўрда, ба сўи дарвозахона қадам мепартофт, ки аз ғуломгардиш Ато ва Халил намоён шуданд. Онҳо аввал ба Қурбон, ки аз паҳлу гузашта, ба ҳавлии берун мерафт, ва баъд пештар омада, ба Усмон Азиз салом-алейк карданд. Ҳар ду ҳам камон доштанд; хаста менамуданд.
– Чӣ гапи нав? – пурсид Усмон Азиз.
– Ҳеҷ... – гуфт Халил.
– Деҳа дар чӣ ҳол?
– Осуда барин, – гуфт Ато.
Усмон Азиз аз болои китфи онҳо каме ба қуллаҳои пурбарфи кўҳи Ҳафтсар назар дўхта истоду:
– Хайр, – гуфт хаёлманд, – тиру туфангро бозпас ба Қурбон диҳед.
Ато аз кисаи ҷелакаш чанд дона тирро зуд ба каф гирифта, дар дасти дигараш камон, чобук қафо гашт.
Аммо Халил аз ҷой наҷунбид.
– Ба ман ягон гап дорӣ? – пурсид Усмон Азиз, ба чашмони сабзгуни яхча барин сард ва беқарори ў ба диққат нигоҳ карда. – Шунавем, бемалол...
– Гапам... – каме забон хоид Халил, – гапам ин ки, тақсир, шумо имрўз меравед, а?
– Бале.
– Тамоман?
– Чӣ буд?
– Маро ҳамроҳ намегиред?
– Ақлат дар ҷояш?
– Ман хуб фикр карда, ба ин қарор омадам.
– Ҳоло ҳам зан надорӣ?
Халил, каллаи ғафсаш хам:
– Не-е, – гуфт ба суоли ў, ки дар таки он бешубҳа як олам маънӣ пинҳон буд.
– Модарат чӣ? – нешханд зад Усмон Азиз. – Ту агар баромада равӣ, вай танҳо мемонад-ку...
– Нест модарам, – гуфт Халил бадард. – Чор сол инҷониб манзилаш се газ замин.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо