Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба як сари шўридаам ман акнун дар ин деҳаи нимгурусна чӣ кор мекунам?!
– Гумонат, ки дар дигар ҷойҳо ҳама серу пуранд?
– Ба ҳар ҳол рафтаниам.
Усмон Азиз ба мўйлаби тунуки тор-тор овезони Халил, ки андоми ўро дар чашм боз ҳам безебтар менамуд, лаҳзае назар андохта:
– Ихтиёрат, – гуфт ба оҳанги таассуф.
Сипас оҳиста даст афшонду як-як қадам партофта, ба тарафи айвон рафт. Уфуқ дар машриқ қирмизӣ гардида, субҳи фасли баҳор беш аз пеш равшан мешуд. Аз куҷоҳо тоқа-тоқаву села-села гунҷишкон падид омада, дар бомгўшаи иморат ва шохи дарахтон нишаста, беранҷу ғам чириқчириқ мекарданд. Аспҳои ҷулпўш дар таки собот курт-курт гулбеда мехоиданд. Аз кўча ва ҳавлиҳои деҳа гоҳ-гоҳ маоси бузу гўсфанд, бараву бузғола, овози пасти одамон ва мешуд, ки ҳангоси баланди маркаб ба гўш мерасид.
Усмон Азиз дар бари сутуни айвон менишаст. Сараш андак дард оварда, хаёлаш парешону дилаш мағшуш мегардид; ба чӣ андешаҳое ки мерафт ў! Анварро ба гап андохта натавонист. Вай аз ин ҷойҳо як қадам берун мондан намехоҳад. Бачаи қайсар, ҷавонаки ба мансаб расида... Агар ба раъйаш медаромад, Усмон Азиз, каме бошад ҳам, дар ғарибиҳо таскин меёфт; таскин меёфт, ки на фақат худаш барин якта-нимта мардуми бадавлат ё фуқарои раҳгумзада, балки ана... одами ҳукумати шўро низ аз дасти куффор тарки ватан карда, ахир ҳамроҳи вай омад.
Усмон Азиз, гўё дар ин соат ҷигарбандаш фавтида бошад, оҳи хунин кашида, аз дил гузаронд, ки шояд ҳамин нарафтани Анвар хуб аст... Ва пас ба худ ҷавоб гардонд: бале, нағз, бисёр нағз! Аз он ки дар мулки бегона овора шуда, ба монанди ў аз баъзе одамони беандеша, хусусан аз фирқаи мағрури таҳҷоӣ таъна шунидаву ҷавоби муносиб гардонда натавониста, ҳар лаҳза заҳри ғарибӣ чашида мегардад, ниҳоят чӣ суд?
Чаро вай, Усмон Азиз, ки то кадом андоза гарон будани ёди ватанро медонад, ба дирўза ятими дари хонааш ҳам бадӣ мехоҳад?.. Аз ноилоҷӣ? Ё аз раҳи қасос? Эҳтимол... мегўяд бигузор дигарон низ мисли ман азоб кашанд?

пешина
аз 551
навбатӣ