МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Юнус ҳам ором менамуд. Чашмони андешаманду мўйлаби ғафсаш ба чеҳраи гандумгуни ў аҷаб таносуб доштанд.
Дар тан кўҳнаҷомаи алача, курта-эзори карбос, ба сар тоқии таҳҷоӣ ва дар пой муғиёнии бақувват, – вай бештар ба дарахтони саҳни ҳавлӣ нигоҳ мекард.
Усмон Азиз ба ҳар сеи онҳо тунд назар дўхта, истод-истоду якбора пеш омад ва дастаи қамчинро ба зери манаҳи Юнус бурда:
– Хўш... гап зан! – гуфт ба ҳавои тамасхур.
– Дирўз ҳамаашро шунида будӣ, – ҷавоб гардонд ў, худро дар кароҳат қадре пас кашидаву чонаашро аз дастаи тозиёна ҷудо карда.
– Дигар ҳасрат надорӣ?
– Не!
– Яъне ки гуноҳатро ба гардан мегирӣ?
– Кадом гуноҳамро?
Усмон Азиз дарғазаб хандид.
– Ҳа-а, албатта... мусичаи бегуноҳ ту! Сўфии соф ту! Шояд ин шариконат ҳам ягон гуноҳ надоранд...
– Ман сўфӣ нестам, лекин дилу ниятам аз кирдори ту сад маротиба софтар.
– Аз кадом кирдорам?
– Аз одамкушиат, зўровариат, бераҳмиат... Чӣ, худат намедонӣ?
– Медонам, нағз медонам. Инашро ҳам медонам, ки ҳар як корам дар қолаби шариат аст.
– Ман дина гуфта будам: агар ҳомиёни шариат ту ва ана он бузриши тамаъгар бошед, туф кардам ба тапутези шумо!
– Кофир, муртад! – на танҳо нўки асо, балки пошнаи кафши чўбинашро низ ба замин кўфта, дод зад мулло Салим.
– Забонатро каш, ҳаромӣ! – гуфт Усмон Азиз ва дар тамоми қувва ба сари рақибаш қамчин фуровард.
Юнус, аз таки тоқиаш ҳамоно хун таровида, як калавиду дандон ба дандон монда:
– Худат ҳаромӣ! – гуфт.
Усмон Азиз боз қамчин бардошт; ин дафъа зарбаи он ба китфи ў расид.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо