Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ором шав, бой. Дар ин дунёи пурмоҷаро ҳар як ҳодиса сабаб дорад...
– Ту чӣ гуфтанӣ? – ғазаболуд тозиёна бардошт Усмон Азиз. – Ба чӣ ишора мекунӣ?!
– Худат нағз медонӣ.
– Ман агар донам, ту ҳам дониста мон, – гуфт ў ва ба чӣ хаёле рафта, қаҳрашро каме фурў нишонд; дасти қамчиндораш оҳиста поин шуд. – Дониста мон, ки имрўза иқдоми ман ҳам бесабаб нест!
– Бо вуҷуди ин аз шастат гард, назарбаланд бош. Худову расулро ба ёд ор, авлиёву анбиёро фикр кун. Оқибати беандешагӣ ҳамеша вой аст.
– Агар хоҳӣ, ки ба худат ягон ҳодиса нашавад, баро аз ин ҳавлӣ. Тез баро, – гуфт Усмон Азиз ва ба ҳамроҳони ў низ рўй овард. – Шумо ҳам равед. Зудтар!
Вале онҳо аз ҷой наҷунбиданд.
– Барои чӣ мерафтаем? Мо намеравем, бой! Ҳоло боз дигарон меоянд. Мардум аз нияти ту хабар ёфта, норозигӣ доранд...
– Хайр, ку бинем – омада чӣ кор мекунанд, – маҷбур хандид Усмон Азиз ва пас гашта, ба тарафи мулло Салим қадам партофт.
Фурсате нагузашта, онҳоро пеш андохта оварданд. Дасти ҳар се ҳам ба пушт баста буд.
Анвар вазнашро ба пои сиҳаташ дода, сарлуч меистод.
Ба мўи ғулии сиёҳаш, ки дар он чангу гард нишаста, яктанимта каҳпораҳои тира часпида буданд, боди сабуки кўҳистон бозӣ мекард. Дар зери анвори офтоб чеҳраи марғуби ў ба назар заъфаронӣ менамуд; ришаш расида, чашмони мешии маҳзунаш хаста метофтанд. Гиребони гимнастёрка ва тугмаҳои палтои чарминаш кушода... Вай дар ин ду рўз аз дарди ҷароҳату ғами пайваста гўё лоғар ҳам шуда буд. Бо вуҷуди ин мекўшид худро ба даст гирифта, дар пеши Усмон Азиз далер, озод ва бениёз ба по истад.
Каромат низ дар муқобили бой ва одамони ў ба ғурур сар бардошта меистод. Ва ҳатто ба онҳо дар як ҳисси нафрат менигарист. Мўяш парешон, гиребонаш канда ва пояш луч буданд. Паи тозиёнаи Усмон Азиз дар бари рўяш инак кабуд шуда, аммо варамаш нагаштааст...

пешина
аз 551
навбатӣ